arzon replenishment
Дар Екатеринбург барои муҳоҷирони тоҷик маркази тиббӣ мекушоянд
524


Ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия тасмим гирифтааст барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин шаҳр кору зиндагӣ мекунанд, маркази тиббӣ кушояд.

Масъалаи кушодани маркази тиббӣ барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург зимни мулоқоти Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар Свердловск ба миён гузошта шуд.

Дар вохӯрӣ роҳбари минтақавии ташкилоти ҷамъиятии “Дидор” Мастибегим Ошурбекова, аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди консулгарии РТ дар Екатеринбург Хушвахт Бедимоғов, аъзоёни фаъоли ҷамъияти тоҷикон Сафаралӣ Талбаков, Зухал Муродов, директори филиали ширкати суруғтавию аксионерии «Энергогарант» Михаил Дворцов, духтури хизматнишондодаи Федератсияи Россия Евгения Сафронова ва директори маркази тиббии “Технологияҳои нав” Тарас Стахов, иштирок доштанд.

Дар рафти вохӯрӣ рӯнамоии маркази тиббӣ, ки дар кӯчаи Донбасская, хонаи 6 воқеъ гаштааст, сурат гирифта, масъалаи аз лиҳози ҳуқуқӣ ба танзим даровардани фаъолияти марказ ва таъмини он бо таҷҳизоти муосири тиббӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Намояндагони ҷамъияти тоҷикон тасмим гирифтанд, ки талоши худро ҷиҳати аз назари ҳуқуқӣ ба танзим даровардани фаъолияти марказ идома хоҳанд дод. Дар сурати ба таври мусбат ҳал шудани масъала як ё чанд нафар намояндагони ҷамъияти тоҷикон метавонанд соҳибмулки ин маркази тиббӣ гашта, хизматрасониҳои босифату касбии тиббиро барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар зодагони Осиёи Марказӣ ба роҳ монанд”-менависад Азия-плюс.

Ёдрас мешавем, ки на ҳама муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Россия кору зиндагӣ мекунанд, ба хизматрасониҳои тиббӣ дастрасӣ доранд. Кушода шудани маркази махсуси тиббӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Екатеринбург дар ҳифзи саломатии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва дигар зодагони Тоҷикистон, ки дар ин минтақа кору зиндагӣ мекунанд, як қадами устувор ва муфид хоҳад буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД