goodwell
Дар Русия патенти муҳоҷирон бекор карда мешавад, агар...
13.08.2026
Oila.tj
191

Низоми қабули қарорҳо оид ба бекор кардани худкори патенти шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати сари вақт напардохтани пули патент ба фаъолият оғоз кард. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Русия хабар додааст.

Дар асоси тартиби нав, шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бар асоси патент кор мекунанд, бояд ҳар моҳ пардохти пешакии андоз аз даромадро анҷом диҳанд. Дар сурати напардохтани маблағ, патент метавонад беэътибор дониста шавад.

Мақомоти Русия ҳамчунин ба шахсони сеюм, ки андози муҳоҷиронро пардохт мекунанд, тавсия додааст, ки дар маълумоти пардохт ному насаб, номи падар, санаи таваллуд ва рақами мушаххаси андозсупорандаи муҳоҷирро дуруст нишон диҳанд.

Дар сурати беасос бекор кардани патент муҳоҷир метавонад расидҳои аслии пардохти андозро ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилӣ, ки патентро додааст, пешниҳод намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД