arzon replenishment
Дар Тюмен барои фарзандони муҳоҷирон синфи махсус кушоданд
669


Барои мактаббачаҳое, ки аз кишварҳои хориҷи наздик ба Федератсияи Россия омадаанд, дар шаҳри Тюмен синфи махсус кушодаанд...

Тавре ки нашрияҳои русӣ хабар медиҳанд, дар Тюмен ба хотири зудтар ба муҳити нав мутобиқ гаштани фарзандони муҳоҷирони меҳнатие, ки аз кишварҳои Осиёи Миёна ба Федератсияи Россия омадаанд, синфи махсус кушодаанд.

Ин иқдом бо пешниҳоди омӯзгорони муассисаи таълимии №15 роҳандозӣ шудааст ва дар синфи махсус ба мактаббачаҳое, ки забони русиро чандон хуб намедонанд, барои зудтар омӯхтани забон, адабиёт, фарҳанги рус ва аз худ кардани барномаҳои дарсӣ ёрӣ медиҳанд. Роҳбарии синфи махсусро Кяклик Мамедова ба зимма дорад, ки муддати 5 сол боз ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёт кор мекунад.

Муаллима ба 60 нафар кӯдакони ғайри рус, ки асосан фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд ва аз кишварҳои Осиёи Миёна омадаанд, дар омӯхтани забон ва аз худ кардани барномаҳои дарсӣ кӯмак мерасонад.
Ба гуфти Мамедова дар аввал бо забони русӣ гап задан барои кӯдакон бисёр душвор ва ҳатто даҳшатовар аст, зеро онҳо аз роҳ додан ба хатогиҳо метарсанд.

Барои он ки бачаҳо зудтар ба муҳити нав одат карда, ба ҷомеа ворид шаванд, бо онҳо машғулиятҳои махсус гузаронида мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки ба хотири тарғиби забони русӣ дар хориҷи кишвар Россия барномаи махсуси “"Российский учитель за рубежом"-ро роҳандозӣ намудааст. Тавре ки Спутник хабар додааст, соли равон тибқи ин барнома 66 нафар омӯзгорони ботаҷриба аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, дар мактабҳои маҳаллӣ ба кӯдакон забони русӣ меомӯзанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД