sebiston july new
Дарди дили кампири кӯчарӯб Қисми 3
1364


-Писарам гоҳ-гоҳ аз пулҳои додаам 20-30 сомон медиҳад, ки наберачаамро ба мағоза барам ва то рафтан сад бор таъкид мекунад, ки нархи маҳсулоти гирифтаамро ё дар ёд бигирам ё даркоғаз нависам, то ки ҳаққи ӯро нахӯрам.

Вақти баргаштан худаш чанд бор гаштаву баргашта ҳисоб мекунад, ки чизҳои гирифтаам чанд пул шудаасту чӣ қадар бақия мондааст. Магар ба дили модар ин кори писар сахт намерасад?! Ба дили модаре, ки як порча гӯштро нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз дар батнаш парвардаву бо садҳо азоб фарзандашро ба дунё оварда, баъдан худаш нахӯрдаву напӯшида, ӯро мехӯронад, мепӯшонад ва ба воя мерасонад. Хайр, бало ба пасаш...

Худо медонад, ки дар ин дунёи бевафо ман боз чӣ қадари дигар умр мебинам. Ба гуфти келинам, як поям дар лаби гӯр... Ситораҷон, ту аз ман наранҷ, охир ба ту дарди дил карда, камтар сабук мешавам, гӯё аз китфам кӯҳ мефарояд.
-Зиқ нашавед холаҷон, ман илоҷашро меёбам. Тавре мекунам, ки фарзандонатон ба шумо меҳрубон мешаванд!
Кампир табассум карда: “кошки чунин шавад” гуфту дастони Ситораро сахтар фишурд.

-Холаҷон, гуфтагӣ барин ман ба шумо як хушхабар дорам,-хушҳолона хушҳолона гуфт Ситора.
- Эҳе аз бом тароша-ку! Хушхабарат акнун ба хотират расид? Хайр, кани бигӯ, чӣ хушхабар будааст?
Гуфта будам-ку аз пули рубандагиям пасандози хуб ҷамъ кардам. Охир се сол шуд, ки ман рубандагӣ мекунам. Бовар кунед, ман ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намеовардам, ки рӯзе пасандози ҷамъ кардаам ин қадар бисёр мешаваду метавонам ба орзуям расам.
-Чӣ орзу доштӣ духтарам?

Орзу доштам, ки пул ҷамъ карда, як мағозача кушоям. Мағозаи либос. Ана баъд аз мағоза, ки фоида ба даст омад, ҳуҷҷатҳоямро ба ягон донишгоҳ супорида, соҳиби маълумоти олӣ шавам. Мехостам ҳам кор кунаму ҳам хонам. Вақте ин ниятро кардам, баъзе дугонаҳояш ба ҳоли ман хандиданд, ки бо пули рӯбандагӣ дур намеравӣ, лекин тавонистам маблағи хубе ҷамъ кунам. Дарк кардам, ки дар ҳама кор дилу нияти пок, иродаи устувор ва боварӣ ба худ лозим будааст.
-Офарин Ситораҷон, лекин маро зиқ кардӣ...
-Барои чӣ?
-Дигар ту барин ҳамдаму ҳамрозро аз куҷо меёбам?

-Эҳ холаҷон, сари танҳо кори мағозаро чӣ тавр пеш мебарам?! Ман ба кӯмаки шумо ниёз дорам. Аллакай як қисми кори мағоза тамом шудааст, насиб бошад, ҳамин, ки тайёр шуд, бор мегирему аз паси савдо мешавем...
ххххх
Ситора чӣ тавре, ки ваъда карда буд, мағозаро фаъол карда, олаи Саодатро на ба сифати фаррош, балки чун фурӯшанда ба кор гирифт. Ҳарду аз субҳ то шом савдо мекарданд ва даромади хуб ба даст меоварданд, вале ҳанӯз муносибати фарзандони Саодатхола ба модар тағйир наёфта буд. Ситора "ман илоҷашро меёбам" -гӯён рӯзе фарзандони кампирро наздаш ҷеғ зада бо онҳо дар танҳоӣ суҳбат кард.
-Ростӣ ман шумоёнро намешиносам, вале модаратон шуморо мудом таъриф мекунанд, ки он касро бениҳоят дӯст медореду тоҷи сар мекунед. Медонам, ки холаи Саодат ба шумо ҳам падар ва ҳам модар шуда, бо сад ранҷу азоб шумоёнро ба воя расонидаанд...
-Сари мақсад гузар! Чӣ шаф-шаф дорӣ? Аз мо чӣ мехоҳӣ? Таъриф карда бошанд нағз,-келини Саодатхола бо ситеза ба Ситора нигариста, садо баланд кард.
-Хуб сари мақсад меоям, лекин ваъда диҳед, ки ин сирро, ки холаи Саодат танҳо ба ман гуфтаанд, ба ҳеҷ кас намегӯед, ҳатто ба худи модаратон.
-Хуб, ваъда медиҳем, гӯй, чӣ гуфтан мехоҳӣ?
-Дар холаи Саодат аломатҳои бемории саратон мавҷуд аст.
-Чӣ? -Рангу руйи ҳозирин парида ба Ситора нигоҳ карданд.
-Бале, табибон гуфтаанд, ки агар нағз хӯраду ва аз баъзе чизҳо парҳез кунад ва асабаш орому худаш ҳамеша хушҳол гардад, метавонад ин бемориро паси сар кунад.
-Фарзандони холаи Саодат аз шунидани ин хабар андӯҳгин шуда, пушаймон шуданд, ки модари муштипарашонро ин қадар озор доданд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки зиндагии минбаъдаи ӯро рангину хушҳол месозанд.
Ҳамин тавр муносибати фарзандон баъди шунидани хабари бемориаш бо модарашон тағйир ёфт. Акнун ҳамон тавре ки Саодатхола орзу мекард, бачаҳояш ӯро болои ҳафт қабат кӯрпача шинонда, хоставу нохостаашро муҳайё мекарданд. Кампир аз баинсоф шудани фарзандонаш курта-курта гӯшт мегирифт.
Ситора сир бой намедод, фарзандони Саодатхола ҳам “дили модарамон озор наёбад” гӯён, дар бораи бемориаш аз ӯ чизе намепурсиданд.

Ҳамин тавр фарзандон ба модари худ меҳрубон шуда монданд. Ситора худ ба худ андеша мекард, ки чаро одамон танҳо баъди шунидани он ки шахси наздикашонро аз даст дода метавонанд, нисбати ӯ меҳрубон мешаванд? Чаро дар зиндагӣ ба қадри падару модари худ намерасему баъди сари онҳо мушти пушаймонӣ бар сар мекӯбем? Вай аз он шод буд, ки бо баҳонаи беморӣ фарзандони холаи Саодатро ба модар меҳрубон гардонд ва аз як умр пушаймон шудан халос кард. Хуб шуд, ки дар вақти зинда буданаш онҳо қадр кардани модарро ва аз даст додани ӯ баробари ҷонканӣ буданашро фаҳмиданд. "Ба қадри ҳам расед, дар зинда будан" ин гапҳоро худ ба худ зери лаб такроркунон Ситора ба мағозааш рафт...
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД