Дар шароити имрӯз мардуми тоҷик барои пайдо кардани қути лоямут ба мулки ғарибӣ, аз ҷумла Русия сафар мекунанд. Аммо на ҳамаи онҳо кори сазовор пайдо карда метавонанд.
Болои сӯхта намакоб, бархе зери фишору шиканҷаи мақомоти дахлдори ин кишвар, аз ҷумла сохторҳои марбутаи муҳоҷирон қарор мегиранд. Якеро депорт мекунанду дигареро бо тӯҳмат ба зиндон мекашанд. Илова бар ин, нохушӣ ҳамеша муҳоҷирони моро дар Русия таҳдид мекунад.
Мақсад аз ин гуфтаҳо Фурқатҷон Ахмедови 23-сола аст, ки чанд рӯз боз дар мулки ғарибӣ дучори садама гашта, гирифтори фалаҷ шудааст.
Носфурӯш бой шуду писарони ман гадо монданд!
Як нафар ҳамватани мо Музаффар, ки худро дӯсти Фурқат эътироф намуд, дар саҳифаи интернетиаш навиштааст, ки ба дӯстам, ки дар ин шабу рӯз бояд ҷарроҳиро паси сар намояд, маблағ кӯмак намоед.
Мавсуф гуфтааст, ки ҳангоми садамаи автомобилӣ гардани Фурқат Ахмедов шикаста, дасту пойҳояш фалаҷ гардида буданд. Духтурони беморхонаи марказии шаҳри Маскав баъди муоина гуфтаанд, ки барои ҷароҳӣ 21 000 рубли русӣ лозим аст.
Дар поёни хабар Музаффар аз тамоми ҳамватанони мо хоҳиш кардааст, ки барои сиҳат кардани дӯсташ, ки дар мулки ғарибӣ муҳтоҷ ёрии мо гардидааст, кӯмаки худро дареғ надоранд.
Биёед, ба ин ҳамватанамон дасти ёрӣ дароз мекунем ва аз даргоҳи Худо талаб мекунем, ки ба Фурқатҷон шифои комилу оҷил диҳад! Зимнан, хоҳиш менамоем, ки барои паҳн намудани ин хабар, саҳми худро расонед.
Телефон барои тамос: +79969616126 (Ахмедов Фурқатҷон)