arzon replenishment
Ишқи духтари човандоз писарамро бе Ватан кард!
4767


Писарам бо сад умеду орзу маро ба хонаи дӯстдоштааш Адиба хостгорӣ равон кард, вале падару модари духтарак “шумо беҳуда овора шуда омадед, мо духтарамонро кайҳо бо писари тағояш гаҳворабахш карда будем” гӯён, навмед аз дарашон гуселам карданд.

Бо табъи гирифта аз хостгорӣ баргашта бо ситеза ба писарам гуфтам: “Беҳуда моро саргардон кардӣ, бачам! Хаёли Адибаро аз сарат дур кун!” Ҳайрон шуда сабаб пурсид. Воқеаро нақл кардам. Бо шунидани ин гап дунё дар назари писарам тираю тор гашта, хун дар рагҳояш ба ҷӯш омад ва дарро ба шатта зада фиғон кашид: “Шумо бояд падару модарашро ба гап медаровардед. Ман он духтарро дӯст медорам. Мефаҳмед, дӯст медорам! Дӯст медорам!!!”


Пурсидани майли келиншаванда воҷиб аст гӯён, Гулнозро ба назди хостгорон даъват карда, розигиашро пурсиданд. 

 


wOhwV6CbceWhsJgMCABqMSvZQ0yM9rn4PDNVXOC0

 


Чашмонам ҳавзи об гаштанд, вале густохии писарамро хомӯшона таҳаммул намудам. Бегоҳ дар сари дастурхон Комрон барои дағалиаш узр пурсида, гуфт, ки азми ба Русия мардикорӣ рафтан дорад ва хоҳиш кард, ки ба вай дуои сафед диҳам. Хеле насиҳаташ кардам, ки барои як духтар шуда ҷойи гармашро хунук накунад, вале писари ба доми ишқ афтодаам гӯши пандшунав надошт. Бесарпаноҳ монданамон бас нест, ки боз ту ҳам роҳи Русияро пеш гирифта, маро ҷигархун мекунӣ, гуфта, хеле гиристам, зориву илтиҷо намудам, вале гапи Комрон якто буд: ”Беҳтараш ба ман дуо деҳад, чунки шумо хоҳед нахоҳед ба Русия, назди писарамакҳоям меравам!” 

Ҷиддӣ будани азми писарамро дида ночор ба тақдир тан додаму бо чашми гирён Комронро дуои сафед дода ба Русия гусел намудам. Қариб як сол аз миён гузашта бошад хам, писарам барнагашт. Борҳо занг зада гуфтам, ки сахт пазмонаш гаштаам ва хоҳиш намудам, ки баргардад, вале ҳар дафъа Комрон як гапро такрор мекард: “Оча, то шумо падару модари Адибаро розӣ накунонед, ман ба Ватан бар намегардам!” Хотири фарзанд зӯрӣ карду боз кулчаҳои равғанӣ пухта ба хонаи Акрами човандоз хостгорӣ рафтам. Гумон доштам, ки Адиба волидонашро ба гап даровардааст, вале боз хаёлам хом баромад. “Сагбачаатон ҷони духтарамонро ба танг овардааст. Шумо чӣ хел одамони берӯед, ки гапи хубро намефаҳмед. Гуфтем, ки мо духтарамонро ба писари тағояш гаҳворабахш кардагӣ, боз чаро хостгорӣ омадед?! Мо духтарамонро дар ду дунё ба сагбачаи бесоҳиби шумо намедиҳем!” ситеза намуд модараш.
Писари маро сагбачаи бе соҳиб номиданаш мисли тир ба ҷонам расиду аз мӯйҳояш дошта ӯро мурданивор задам. Духтарҳояш базӯр моро аз ҳамдигар ҷудо карданд. Ба хона баргашта ба писарам занг задаму моҷароро нақл кардам. “Очаҷон, ин чӣ кори кардаатон буд?! Акнун дар ду дунё ман домоди онҳо шуда наметавонам. Ҳаётамро сӯхтед!” Комрон оҳи сард кашида телефонашро хомӯш кард. Дигар ҳарчанд занг задам, писарам гӯшакро набардошт.
Аз алам ба худ печида, чӣ кор карданамро намедонистам. Шаб ба телефонам sms-паёме омад. Кушода бинам, писарам Комрон навиштааст: “Адиба, ки насиби ман нашуд, дигар мурдаам аз Русия наравад, зиндаам ба Ватан барнамегардад, оча!»
Фиғонам ба фалак печид, сарамро ба дару девор задам, вале суд набуд. Хонаи духтардор сӯзад, ки ману писарамро бо ҳам душман гардонд!
Гулнигор, модари зору ҳайрон

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Нигора 2019-10-12, 21:06
Эээ мура хаму духтар
Посух
Мухаммад 2019-10-13, 04:24
Ачаб бача будаи хаму духтар намехоха ту чи худатро овора мекни .эхтиет кун бача Дуои модарт мегират як умр саргардон мешави ИШК дуруг аст.як вактимуаян аст.Аз Аллох битарс ОЧАЧОНА хечгох намеёби додар сарбошад токи бисёр.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Нигора 2019-10-12, 21:06
Эээ мура хаму духтар
Посух
Мухаммад 2019-10-13, 04:24
Ачаб бача будаи хаму духтар намехоха ту чи худатро овора мекни .эхтиет кун бача Дуои модарт мегират як умр саргардон мешави ИШК дуруг аст.як вактимуаян аст.Аз Аллох битарс ОЧАЧОНА хечгох намеёби додар сарбошад токи бисёр.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД