Arzon april 2022
Ишки марди зандор Аслияро бехонумон кард Қисми 1
23.11.2022
Дилошӯб
1350

                Шавҳари зархарид

Аслия чашмонашро кушоду аз нав пӯшид, зеро нурҳои офтоби аз тирезаи хона воридшуда ба ӯ имкони нигоҳ кардан надоданд. Дилаш сип-сиёҳ буд, ҷанҷоли шабонаи Давлат, ки ба лату кӯби ӯ ба охир расида буд, тамоми баданашро дардманд карда буд. Ӯ ба зӯр устухонҳояшро ҷамъ оварда, назди оинаи ҷевони кӯҳна рафта, ба шаклу шамоилаш назар андохт. Зери чашмаш сиёҳ, мӯйҳояш парешон, дар танаш куртаи шабпӯшии кӯҳнаяк… дилаш ба ҳоли худаш сухт, ӯ ба хотири ҳамин «бахт» ба рӯйи ҳама хешу ақрабо ва писараки ширинаш по монда, ишқи Давлати худшефтаро интихоб карда буд. Ҷавонзан бори аввал дар вуҷудаш дилмондагии сахт ва пушаймониро эҳсос намуд…

Аслия дар оилаи хубе ба дунё омадаву ба воя расида буд, падару модараш ҳар ду омӯзгор буданд ва худаш низ ҳамин касбро интихоб кард. Пас аз хатми донишгоҳ бо як ҳамсабақаш хонадор шуд, вале шавҳараш пас аз бемории зардпарвин ба сирози ҷигар печида, хеле ҷавон вафот кард. Аслия бо писаракаш ба хонаи модар баргашт, хонаи онҳо дар яке аз ноҳияҳои атрофи шаҳр буд. Падараш кайҳо аз олам гузашта бошад ҳам, бародарони ғамгусор барои хоҳараки бевамондаашон дар пойтахт як хонаи якҳуҷрагӣ хариданд. Ӯ дар як мактаби наздики хонааш ба кор даромада, бо ёри фарзандони падар ва амакҳои писараш зиндагияшро пеш мебурд. Аслия ду бародар ва ду хоҳар дошт, ки ҳамеша аз аҳволаш бохабар мешуданд. Ӯ муаллимаи забони русӣ буду пас аз мактаб дар маркази забономӯзие низ дарс медод, то аз чизе танқисӣ надошта бошад. Ана дар ҳамин маркази забономӯзӣ бо Давлат шинос шуд. Давлат дар бонке ба ҳайси хазинадор кор мекарду боре ба хотири тарҷумаи чанд калимаи ба бонкдорӣ алоқаманд ба назди Аслия омада, ҳамин гуна бо ӯ ошно гашт. Аслияи қоматбаланди зебо чӣ гуна ба доми ишқ афтиданашро нафаҳмида монд, Давлат зани танҳо ва соҳиби хонаи шахсӣ будани ҷавонзанро фаҳмида, дигар аз паси вай канда набуд. Асия низ ба ҷону дил ошиқи ӯ гашта буд, аввалҳо ҳамааш хуб буд, аммо баъдтар Давлат ӯро бо сояаш рашк мекардагӣ шуд ва аз ҳар қадами ӯ огоҳ будан мехост. Ин рашкҳои мард ба Аслия мефорид, дар дил мегуфт, ки дӯст медорад, рашк мекунад…

Оқибати вохӯриҳои пуршару шӯри дусолаи онҳо бо никоҳи мусулмонӣ анҷом ёфт.

Писари Аслия Ардашер баъди шавҳар кардани модараш ба хонаи амакаш кӯч баст, зеро Давлатро чашми дидан надошт. Аслия на ба хонаи ҳевараш рафт, на писари сездаҳсолаашро суроғ кард.

Давлат зану ду фарзанд дошт, вале Аслия ба хотири як марди зандор аз писараш ба тамом бурид, зеро Давлат ба муносибатҳои модару писар ҳам рашк мебурд. Ин худхоҳ мехост Аслия танҳо моли ӯ бошад, вале худаш аз тарси занаш ягон шаб то субҳ бо Аслия намемонд. Модару бародарони Аслия аввалҳо насиҳат карданд, ки фардо дар аёми пирӣ хору зор хоҳад шуд, шӯйи мардум шӯӣ намекунад, аммо беҳуда нагуфтаанд, ки «Чашми ошиқ кӯр аст». Пайвандонаш диданд, ки насиҳатҳяшон ба гӯши Аслия намедарояд, ба пуррагӣ рафтуомадро бо ӯ бас карданд. Ба Давлат Худо дод, акнун худашро соҳиби ягонаи Аслия пиндошта, ҳар коре дилаш мехост, бо ӯ мекард. Ҷавонзан пули ёфтаашро сарфи Давлат карда, барои зану духтару модари ӯ тӯҳфа мехарид. Писарони ӯро бачаму духтарашро духтараму занашро хоҳарам гӯён гап мезад, ҳадде надошт, ки номи кундошашро назди шавҳар бошикаст гирад. Давлат мегуфт, ки набояд зани ман аз ин муносибати мо огоҳ шаваду ғам хӯрад ва Аслия ба ҳамааш розӣ мешуд, зеро Давлати қадпастаки саркалони бенамудро дӯст медошт.

Баъди ду соли зиндагӣ бонки кор мекардагии Давлатро бастанду ӯ бекор монда, тамоми пули бо нӯги қалам ёфтаи Аслияро аз дасташ кашида мегирифт. Баъд тиҷорат мекунам гӯён, аз бонк пули калон қарз гирифта, ҳуҷҷатҳои хонаи Аслияро ба гарав гузошт, аммо кораш омад накард. Кормандони бонк хонаи Аслияро кашида гирифтанд, Давлат бо ваъдаҳои дурмадарози “бароят хона мехарам”, ӯро бурда дар як хонаи кӯҳнаяк иҷора шинонд. Давлат боз бо даводаву порадиҳӣ дар як бонки дигар ба кор даромад, аммо ваъдаи хонагириро аз имрӯз ба фардо мегузошт. Ба Аслия додани иҷорапулӣ ва кашидани бори зиндагӣ гарон афтид ва ҷангу ҷанҷол мекард ва зери мушту лагади шавҳари зархаридаш мемонд. Ягон ҷойи ободаш намонда буд, дина ҳам ҷанг бо лату куби ӯ хотима ёфт. Мушту лагат як сӯ, вале таҳқирҳои Давлат аз ҷавшани ҷонаш гузаштанд. Ту барои ….. ман шуда, аз бачаву очаат гузаштӣ, ҷалаб!!! Фарёд зад ӯ…

 

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД