Arzon march 2024
ҚИССАИ ШАБ: ВОХӮРИИ НОГАҲОНӢ (ҚИСМИ 2)
04.12.2021
ДИЛОШӮБ
3992

Дӯзахи шавҳар

Зиндагии Нозбӯ пур аз ранҷу азобу ашк буд, пас аз Шаҳлову Шифо ӯ боз ду духтараки дигар таваллуд карду Ҳошим ӯро «духтарзой» унвон дода, як тинро барои ӯ ва фарзандонаш дареѓ медошт. Чун хусуру хушдоманаш аз дунё гузаштанд, Ҳошим хонаву дари падариро фурӯхта, ба пойтахт кӯч баст. Ин ҷо зиндагӣ сахттар шуд, шавҳараш ба тиҷорат даст зад, пули хуб ҳам ёбад, хеле ва хеле зихна буд. Нозбӯ аввалҳо аз бародаронаш, ки ҳоло сари давлатанд, ёрӣ мепурсид, вале боре ѓайбати янгаҳояшро шунида, бас кард. Хеле кам мерафт хонаи волидон, меҳри акаҳояш ҳам ба хоҳар мисли пешина набуд, ҳар кадоме зиндагии худро ӯҳда мекард. Ҳамаи ин бас набуд, ки Ҳошим зани дуюм гирифт, Нозбӯро аз шунидани ин хабар пиннак вайрон нашуд, вале азоби нодорӣ мекашид. Акнун Ҳошим ҳама буду шудашро фидои зани дуввум мекард, аммо ӯ низ барояш ду духтар таваллуд кард. Нозбӯ ба хотири раҳоӣ аз камбаѓалӣ фаррош шуд, рӯзона дар як мактаб фаррошӣ мекарду бегоҳиҳо фаршҳои як идораро мешӯст, аз ҷойи кори дуюмаш ихтисораш карданду зери таънаи Ҳошим монд.

-Э ту чалфас, аз ӯҳдаи фаррошӣ намебароӣ а? Мур, туро ман зан карда гаштам, хайрият ҷанг шуду туро ба зӯр дар каллаи ман бор карданд, вагарна мемондӣ дар кӯча…

Азобҳои духтари раисро ба ман зани додарам, ки ҳамсинфаш ҳаст, нақл карда буд. Аммо аз чӣ бошад, Нозбӯ худро ношинос вонамуд кард?!

Акнун боз ҷойи кори нав ёфт духтари раис, зеро духтараконаш донишҷӯ ва мактабхонанд. Ӯ мехоҳад орзуҳои ношикастаашро дар чашмони рахшандаи онҳо бинад, ва ман ба ӯ барор мехоҳам!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД