arzon replenishment
Кош дар ятимхона мемондам Қисми 1
1376

 

Бовар кунед, намехоҳам шахсеро, ки маро аз ятимхона гирифта, ба фарзандӣ хонду тарбият кард, ба воя расонд, хононда соҳиби маълумоти олӣ кард, ғайбат кунам ё нисбаташ ҳарфи бад гӯям, вале дилам мекафад.

Ман дар синни сиву панҷсолагӣ аллакай ба бемории дил гирифторам, аз зиндагӣ сер шудаам, аммо чӣ бояд кард? Сари зиндаро ба гӯр бурда нашавад…

Аз рӯзе, ки худамро шинохтам, дар хонаи кушоду барҳавову ороставу пероста ҳамроҳи модарам танҳо зиндагӣ мекардем. Модарам духтури занонаанд ва зиндагии шоистае дорем. Чун ақлам ташаккул ёфт, боре аз модарам пурсидам, ки чаро ҳама падар доранду ман не? -Падаратро дар ҷанги шаҳрвандӣ қотилони номаълум куштанд, ӯ корманди милиса буд,- гуфт бо оби чашм модарам сурати мардеро ба ман нишон дода.

Ман модарамро ба оғӯш гирифтаму ба вай ваъда додам, ки ман ҳам мисли падарам милиса мешавам ва ӯро аз ҳама баду бало нигаҳдор мешавам, вале… Намедонам дар синфи панҷ мехондам ё шаш, ки боре бо бачаи ҳамсоя сари бозӣ занозанӣ кардаму сарашро бо санг зада кафондам. Модари ӯ ба сари модарам ҷанг омаду байни ҳақоратҳои болохонадораш зан гуфт: «Ҳаромии “детдом”-иатро роҳ бигир, ки ба милиса медиҳам, боз гардонда ба сағирахонааш мебаранд..”

Дигар дасти ман монда буду домони модарам, шабу рӯз аз ӯ савол мекардам, ки оё маро аз сағирахона гирифтааст ё не? Модарам қатъиян рад мекард, ки маро аз хонаи бачаҳо гирифтаст. Ин бори сиёҳӣ дар дил калон мешудам, ҳарчанд ба модарам бовар мекардам, лекин як гӯшаи дилам гапи дигар мегуфт. Ба камол расида, донишгоҳро хатм кардаму модарам пайи хонадор кардани ман шуд ва бароям духтаракеро хуш кард. Бо ӯ вохӯрдаму маъқулаш кардам.

Модарам дар як тарабхонаи бонуфуз тӯй карда, келинашро ба хона фаровард. Аввалҳо ҳамааш хуб буд, вале баъдтар модарам бо занам мисли сагу пишак шуданд. Модарам Сафинаро ба чалфасиву бекорхоҷагӣ айбдор мекард. Занам дар курси саввуми донишгоҳ мехонду аз дасти ҷангу ҷанҷоли модарам ба шӯъбаи ғоибона гузашт. Ман медидам, ки занам ба он дараҷае, ки модарам мегӯяд, гунаҳгор нест, вале ӯ хафа нашавад гуфта, борҳо бечораро таги мушту лагат гирифтам. Оқибат талху пичингу ҷангу ҷанҷоли модарам ба муштзурӣ расида ба сари занам мушт мебардоштагӣ шуд. Сафина тоқати ин хушунату ҷабру ҷафоро накарда, хонаи падараш рафт, чанд бор баргашт ва оқибат мо ҷудо шудем. Ӯ кӯдаки батнашро исқоти ҳамл кард, зеро чун модарам аз ҳомиладорияш хабардор шуд, кӯдакро ҳаромӣ эълон намуда занамро ба фоҳишагӣ айбдор сохт. Бори дуюм оиладор шудам, Гулдаста духтараки зебо, хатмкардаи коллеҷи тиббӣ ва ҳамшаҳрии модарам буд. Ин духтаракро тағоям ёфта буд. Модари Гулдаста аз падараш ҷудо шуда буданду ӯ шавҳари дигар карда, духтарашро волидонаш ба воя расониданд. Хушдоманам бо духтараш муносибати хубе дошт, Гулдаста низ хеле ба модарам меҳрубон буд, аммо... Айби ин занамро низ модарам ёфт, пайваста шикоят мекард, ки “занат бо модараш зиёд гап мезанад, модараш ӯро аз роҳ мезанад....” Гулдаста бо мулоиматӣ ба модарам мефаҳмонд, ки модари ман ҳеҷ гоҳ дар бораи шумо гапи бад намегӯяд, баръакс маро насиҳат мекунад, ки ба қадри хушдоманат рас, ӯ писарашро танҳо ба воя расонидааст. Ман намехостам бори дуввум хонавайрон шавам ва аз Гулдаста хоҳиш кардам, ки як бало карда, бо модарам забон ёбад, аммо модарам зане набуд, ки бо ӯ забон ёфтан осон бошад. Бо гузаштани як сол Гулдаста барои ман писар таваллуд кард ва сарамро ба осмон расонид. Ҳарчанд писартағою писархолаҳоям ба ман меҳрубон бошанд ҳам, бисёр мехостам бародар дошта бошам. Чун тифли кӯчакамро рӯйи даст гирифтам, дилам якбора саршори нур гашт, гумон кардам, ки соҳиби бародар шудам. Модарам ҳам чанд вақт оромтар гашт, вале баъдтар акнун набераашро бо қудояш рашк мекардагӣ шуд. Хушдоманам ҳар ҳафта бо тӯҳфаҳои зиёд хабаргирии наберааш меомад ва ин ба модарам намефорид, “бева, чаро меояд” гӯён, қошу қавоқ мекард. Як бори дигар рӯирост ба хушдоманам гуфтааст, ки ту духтаратро аз роҳ мезанӣ ва пас аз рафтани ту ӯ дигар мешавад. Ҷанг аз ин ҷо баромадааст, ки занам аз писарчаам шикоят кардааст, ки шабҳо хоб намекунаду ман бехобӣ мекашам. 

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД