toyota motors
Кошонаи сӯхтаи орзуҳо (ҚИСМИ 1)
528

Баҳори соли охири донишҷӯӣ буд. Шукуфаҳои гелос дар боғи донишгоҳ мисли барфи сафед мерехтанд ва ҳаво бӯйи умеду ҷавонӣ дошт.

Гулноза дар курси чоруми шарқшиносӣ мехонд. Шаби иди Қурбон ҳамсабақон дар хонаи Мавзуна ҷамъ омаданд. Дастурхони идона ороста буд, аммо Гулноза намедонист, ки ин шаб қисмати ӯ дар косаи тақдир дигаргун мешавад.

​Ногаҳон дари меҳмонхона боз шуду Фирдавс ворид гашт. Нигоҳҳо ба ҳам бархӯрданд. Гӯё барқе дар фазо дурахшид. Фирдавс бо нигоҳи маҳзуну ҷаззобаш дар як лаҳза Гулнозаи мағрурро асири худ кард. Вақте Фирдавс ӯро то хобгоҳ гусел мекард, миёни онҳо сукуте ҳукмфармо буд, ки аз ҳазор садо баландтар садо медод.

​Дар назди дарвозаи хобгоҳ Фирдавс истода, гуфт:

- Гулноза, медонед, ман то ин дам бовар надоштам, ки инсон метавонад дар як сония дунёяшро иваз кунад.

Гулноза бо нигоҳи ҳаёолуд пурсид:

- Магар дунёи шумо иваз шуд?

- Бале,- ҷавоб дод Фирдавс.- То имрӯз ман танҳо китоб мехондам ва ба осмон менигаристам. Акнун дар чашмони шумо ҳам китоби тақдирамро мебинам ва ҳам осмони орзуҳоямро. Иҷозат медиҳед, ки боз биёям?

Гулноза танҳо лабханд зад ва ин лабханд аз ҳазор бале азизтар буд.

Рӯзҳои имтиҳон омад. Фирдавс бедарак шуд. Гулнозаи парешон ба хонаи онҳо рафт. Садои наҳси карнайу сурнай деҳаро зер карда буд. Ӯ Фирдавсро дар тан либоси домодӣ дид, ки тайёрӣ барои овардани арӯс дошт. Фирдавс мисли ҷанозае буд, ки ӯро зинда ба зинда ба гӯр мебурданд.

​Гулноза бо ҷасорати дарднок наздик шуд. Фирдавс ӯро диду қариб буд аз пой афтад. Онҳо дар кунҷи ҳавлӣ танҳо монданд.

- Фирдавс, ин чист? Магар ин ҳамон осмони орзуҳое буд, ки мегуфтед?,- бо ашк пурсид Гулноза.

Фирдавс бо овози шикаста, ки гӯё аз қаъри чоҳ мебаромад, гуфт:

- Гулноза, маро бикуш, аммо бо ин нигоҳ насӯзон. Модарам дар бистари марг аст.

Ӯ ба ҳуҷраи модари Фирдавс даромад. Занеро дид, ки ҷисмаш мисли каҳ зард гаштаву дар лаби гӯр буд. Модар дасти Гулнозаро гирифт, бе он ки бидонад ин духтар кист.

- Духтарам, ассалом, ту ҳамкурси писарам ҳастӣ, хуш омадӣ,- пичиррос зад модар бо садои хирросӣ,- имрӯз бачаамро ба муродаш расондам. Акнун метавонам бо хотири ҷамъ бимирам.

​Гулноза ба чашмони берамақи модар нигарист. Дар дилаш тӯфоне буд. Мехост бигӯяд:

- Модар, ту имрӯз на тӯй, балки маросими дафни ҷавонии моро барпо кардӣ. Ту бо ин дуоят ду қалбро зинда ба зинда ба хок супурдӣ.

Аммо лаб зери дандон фишурду танҳо қатраи ашке бар дасти хушкидаи кампир рехт. Ин ашк на аз сари раҳм, балки аз сӯзиши ҷаҳоне буд, ки дар як лаҳза хокистар шуд.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД