new banner new years
Модарам бо туҳмат падарамро дар назари мо бад мекард, вале...
10.07.2024
Оила.ТҶ
2510

Салом! Ман як духтари аз меҳру муҳаббати падар бенасибмонда, мехоҳам сарнавиштамро нақл кунам, то ки ба дигарон дарси ибрат гардад.

Мо дар оила 3 фарзанд ҳастем - 1 духтару 2 писар. Хеле хурд будем, ки падару модарам бо ҷангу ҷанҷол аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Ёдам ҳаст, ки баъди талоқашон падарам қариб ҳар ҳафта барои дидани мо меомад, вале бобою бибии модарӣ ва тағоҳоям ӯро бо дашному ҳақорат пеш мекарданд. Падарам чораи дигар наёфта, чанд бор барои дидани мо ба боғчаи бачагона ва мактаб омад, вале модарам аз куҷое ин гапро фаҳмида, ба сари мураббӣ ва муаллимон рафту қиёматро қоим кард. Аз тарси ҷангу ҷидоли модарам мураббию муаллимон дигар моро ба падарам нишон намедоданд.

Аз афташ падарам умедашро тамоман канд, ки дигар ба суроғамон наомад. Ҳамин тавр, мо кӯдакони падардор бепадар шуда мондем.

Модарам ҳамеша падарамро дар назди мо бад карда, мегуфт, ки барои ким-кадом беваи маъшуқааш вай моро аз хона пеш кардааст. Бобою бибиам низ падарамро дуоҳои бад карда, таъкид мекарданд, ки агар падарамонро суроғ кунем, моро зинда ба зинда пӯст мекунанд. Бадгӯиҳои модарам ва аҳли авлодаш падарамро дар назари мо чунон бад карда буд, ки ҳатто номашро шунидан намехостем, вале...

Солҳо турнасон гузаштанд ва баъди ба камол расидан фаҳмидем, ки гапҳои дар ҳақи падарам гуфтаи модарам ва хешу табораш дурӯғ будаанд. Сабаби ҷудо шуданашон на бевабозии падарам, балки беақлии модарам будааст. Падарам дар телефон бо касе гап задани ӯро дошта, талоқашро додааст.

Имрӯз мо - як хоҳару ду бародар бо падарамон рафтуомади хуб дорем. Зани дуюми падарам инсони хуб аст, ҳар гоҳ, ки меҳмонӣ равем, сад бор садқаву бандаамон мешавад, фарзандонаш низ апаҷону акаҷон гуфта, дар атрофамон парвонавор давр мезананд, вале...

Баъзан фикр мекунам, ки агар модарам дар вақташ беақлӣ карда, аз рӯйи телефон худро сиёҳбахт ва моро зиндаятим намегардонд, на падарам солҳо дар ҳасрати дидори фарзандонаш месӯхту на мо бе падар ба воя расида, пеш-пеши пойи тағову янгаҳо мешудем.

Ба занҳои тоҷик гуфтаниям, ки ба қадри оилаи ободи худ бирасанд ва фарзандонашонро зиндаятиму муҳтоҷи дари хонаи мардум насозанд.

Бо эҳтиром, МАСТУРА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД