goodwell
Мунтахаби Тоҷикистон Фиҷиро бо ҳисоби бузург шикаст дод
108

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии дуюми дӯстонааш дар доираи омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2026 бар тими Фиҷи бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд.

Вохӯрӣ 11 -уми ноябр дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дар варзишгоҳи «Al Hamriyah Cultural and Sports Club» баргузор гардид.

Дар ин бозӣ Асадбек Махтумов ду гол ба самар расонида, Мунаввар Анварзод, Фирдавсӣ Ҳалимов ва Комилҷон Шариповӣ як голӣ заданд.

Қаблан шогирдони Игор Суров дар бозии аввали санҷишӣ бо мунтахаби Кот-д’Ивуар мусовӣ карда, бо ҳисоби 1:1 бозиро анҷом дода буданд.

Бозии сеюм ва охирини санҷишии мунтахаби Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай рӯзи 15 -уми ноябр муқобили ҳамсолони худ аз Танзания баргузор мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД