sebiston july new
Муҳоҷирати меҳнатӣ осонтар ва мушкилоти муҳоҷирон кам мешавад?
725

Тоҷикистон шартномаи байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро ҷиҳати таъсиси бозори ягонаи меҳнат ва ҷалби мутташакилонаи шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ тасдиқ намуд.

Ҳадафи асосии ин шартнома таъсис додани бозори ягонаи меҳнат дар кишварҳои пасошӯравӣ, вусъат додани муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ, ҷалби мутташакилонаи шаҳрвандон барои кор дар кишварҳои ИДМ, мусоидат намудан ба ҳалли мушкили бекорӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кору манбаъи даромад мебошад.

Ҳуҷҷати дахлдор дар ин бора дар сомонаи иттилооти ҳуқуқӣ нашр шуда, дар он омадааст, ки созишномаи мазкур ҳанӯз соли 2021 дар Минск ба имзо расида буд.

Ин созишнома дар баробари таъсиси бозори ягонаи меҳнат дар ИДМ ва рушди системаи давлатии ҷалби мутташаккилонаи шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамчунин ҳалли масъалаҳои дигари муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла баланд бардоштани касбият ва дараҷаи тахассуси муҳоҷирони меҳнатӣ, зери назорат гирифтани ҳаракати захираҳои меҳнатӣ, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии муҳоҷирон ва пешгирии ҷинояту ҷинояткориро дар байни ин қишр фаро гирифта, раванди муҳоҷиратро ба танзим медарорад.

Қобили зикр аст, ки баъзе нуктаҳои муҳими ин созишнома, аз ҷумла ҷалби мутташакилонаи шаҳрвандон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД