Arzon march 2024
Муҳоҷири тоҷик як занро тасодуфану дигареро қасдан паронд
895

Кумитаи тафтишотии Россия аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон барои тирпарронӣ хабар додааст.

Ба иттилои Кумитаи тафтишотии Россия, ҳодиса дар кӯчаи София Ковалевскаяи шаҳри Москва рӯй дода, як шаҳрванди Тоҷикистон бо мақсади худнишондиҳӣ дар истгоҳи автобус аз таппончаи травматикӣ ба асфалт тир паррондааст, вале тасодуфан тир ба як зан, ки ҳамроҳи кӯдакаш будааст, расида, ӯ ҷароҳат бардоштааст.

Гуфта мешавад, ки баъди содир намудани ин амали бехирадона муҳоҷири тоҷик ба автобус нишаста, ба сӯйи боз як зани маҳаллӣ аз таппонча тир холӣ кардааст.

Хушбахтона, ба ҷони ҷабрдидагон ягон хатар таҳдид намекунад, вале муҳоҷири авбош аз ҷониби кормандони Кумитаи тафтишотии Россия боздошт шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Бори дигар аз муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар зодагони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар кор, таҳсил ё зиндагӣ мекунанд, эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки одоби ҳамидаи тоҷиконаро фаромӯш насозанд ва ба чунин амалҳои бехирадона даст зада, миллатро бадном насозанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД