Arzon march 2024
Муҳоҷирони тоҷик Москваро бо Новосибиркс иваз мекунанд?
750

Шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Новосибирк якбора зиёд шудааст.

Дар ҳафт моҳи соли 2023 ба шаҳри Новосибирск 9, 2 ҳазор муҳоҷирон ворид гаштаанд, аз ин шумора 4000 нафарашон зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Хадамоти Федеролии Омор дар шаҳри Новосибирск маълумотҳои расмиро дар бораи шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин минтақа пешниҳод намуда, қайд кардааст, ки аз ҳама бештар муҳоҷирон аз Тоҷикистон бо мақсади машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ ба Новосибиркс меоянд.

“Дар давраи моҳҳои январ-июли соли 2023 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд шуда, ҳудуди 9, 2 ҳазор нафар бо мақсади дарёфти ҷойи кор ба Новосибирск омадаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3000 нафар зиёдтар мебошад. Аз шумораи умумии муҳоҷирон 4000 нафарашон зодагони Тоҷикистон, 2,7 ҳазор аз Қазоқистон, 1,1 ҳазор аз Қирғизистон ва 0,6 ҳазор нафараш шаҳрвандони Узбекист мебошанд”- гуфта мешавад дар хабар.

Дар ин бора Спутник маълумот дода менависад, ки дар ин давра ҳудуди 2, 8 ҳазор нафар муҳоҷирон ба Ватан баргаштаанд.

Ёдрас мешавем, ки вақтҳои охир фишор нисбат ба муҳоҷирони меҳнатие, ки аз кишварҳои Осиёи марказӣ мебошанд (махсусан муҳоҷирони меҳнатии тоҷик) дар шаҳрҳои калони Россия аз қабили Москва ва Санкт-Петербург хеле зиёд шудааст.

Бо баҳонаи амалиёти “Нелегал” ва тафтиши ҳуҷҷатҳо баъзе кормандони мақомотҳои қудратии Россия нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ зӯровариро ба кор бурда, онҳоро таҳқир мекунанд ва озор медиҳанд, аз ҳамин хотир муҳоҷирон кӯшиш мекунанд, ки минтақаҳои аз марказ дуртар ва нисбатан ороми Россияро интихоб намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД