Arzon march 2024
Муҳоҷиронро барои гап партофтан ба духтарҳои рус “депортатсия” мекунанд?
888

Чанд вакили Думаи давлатии Россия аз фраксияи "Одамони нав" пешниҳод намудаанд, ки муҳоҷирон барои гаппартоӣ ва таъқиби занону духтарони маҳаллӣ аз қаламрави кишвар ихроҷ карда шаванд.

Владислав Даванков, собиқ спикери Думаи давлатӣ аз ҳизби "Одамони нав" ба палатаи поёнӣ лоиҳаи қонунро дар бораи ихроҷ намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ барои таъқиб ва озори шаҳрвандони Россия пешниҳод кардааст. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар медиҳанд.

“Намояндагони ҳизби “Одамони нав” ташаббус нишон дода, лоиҳаи қонунро дар бораи депортатсия кардани шаҳрвандони хориҷӣ барои таъқиб ва озори шаҳрвандони Россия пешниҳод карданд”-менависад РБК.

Владислав Даванков, ки номзадиаш ба президентӣ аз ҷониби ҳизби “Одамони нав” пешниҳод шуда буд, бори дуюм лоиҳаи қонун дар бораи депортатсия кардани шаҳрвандони хориҷиро ба Думаи давлатии Россия пешниҳод кардааст. Ёдрас мешавем, ки қаблан Ҳукумати Россия ин пешниҳоди ӯро рад намуда буд.

Муаллифони лоиҳа мехоҳанд ба қонунҳои Федератсияи Россия дар бораи майдаавбошӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, минбаъд шахсоне, ки ба шаҳрвандони Россия дар кӯчаҳо гап партофта, онҳоро таҳқир мекунанд ва озор медиҳанд, аз қаламрави кишвар ихроҷ карда шаванд.

Пешниҳод шудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе табаа барои чунин рафтор аз 4000 то 5000 рубли русӣ ҷаримабандӣ шуда, ҳамчунин аз қаламрави кишвар депортатсия карда шаванд

Тибқи як назарсанҷӣ 24% шаҳрвандони Россия гуфтаанд, ки ҳолатҳои таъқиби шаҳвонӣ дар кишвар як падидаи маъмулӣ гаштааст, вале аксаран қурбониён аз тарси ангуштнамои ҷомеъа гаштану шарманда шудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намекунанд.

“Занону духтарон бештар дар мавсими гармӣ ба таъқиб ва озори шаҳвонӣ рӯ ба рӯ мегарданд, зеро дар ин айём онҳо либосҳои тунук пӯшида, диққати шаҳрвандони хориҷиро ба худ ҷабл менамоянд. Кор ба ҷое расидааст, ки дар баъзе минтақаҳо аз тарси хориҷиён занону духтарони рус, махсусан ноболиғон ба кӯча баромада наметавонанд.

Минбаъд ба чунин рафтори хориҷиён чашм пӯшидан мумкин нест. Шахсоне, ки одитарин қоидаҳои одобу рафторро риоя намекунанд ва бар замми ин, ба сари мардуми маҳаллӣ даст мебардоранд, бояд аз қаламрави Россия депортатсия карда шаванд”-гуфтааст муаллифи лоиҳа Даванков .

Депутатҳои дигари ҳизби “Одамони нав” Сардана Авксентьева, Антон Ткачев, Анна Скрозникова ва Ксения Горячева ҳамақидаи Даванков буда, ҳамчун ҳаммуаллифони лоиҳа аз депортатсияи муҳоҷирон барои гап партофтан ва озор додани шаҳрвандони Россия ҷонибдорӣ кардаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки Дума ин лоиҳаро ҷонибдорӣ мекунад ё не, вале ба ҳар ҳол, муҳоҷирони меҳнатӣ бояд эҳтиёткор бошанд, то як шӯхии ноҷо боиси аз қаламрави Россия ихроҷ шудан ва аз манбаъи даромади хеш маҳрум гаштанашон нашавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД