arzon replenishment
Насби 77 адад дастгоҳи GenXpert барои ташхиси бемории сил
324

 

Дар кишвар 77 адад дастгоҳи тезташхискунандаи молекулярӣ “GenXpert” барои ташхиси бемории сил ва шаклҳои мутобиқгаштаи он мавриди истифода қарор доранд.

Дар баробари ин, ки соҳаи зиддисилӣ пайваста бо маводҳои сарфи ташхисӣ ва доруҳои зарурии зиддисилӣ ба пуррагӣ таъмин мебошад.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иро намуданд. 

Тибқи ҳисоботҳои пешакӣ маблағҳои буҷетӣ дар соли 2023 ба муассисаҳои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ҷудошуда 2 миллиарду 446 миллион сомонӣ мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 (2 миллиарду 39 миллиону 687 ҳазор сомонӣ) 20% зиёд буда, иҷроиши он 2 милиарду 390,5 миллиону сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 (1 миллиарду 889 миллион сомонӣ) 26,5% зиёд ё 97,7% -ро ташкил медиҳад.

Дар давоми соли 2023 дар ҷумҳурӣ 131 адад муассисаҳои тандурустӣ ба маблағи умумии 169,4 млн. сомонӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД