sebiston july new
Назари як олими рус ба мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик
1451


Барои муҳоҷирони меҳнатие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия кору фаъолият менамоянд, соли 2023 бисёр соли душвор омад.

Кормандони мақомоти қудратии Русия бо баҳонаи гузаронидани амалиёти “Нелегал” тез-тез дар минтақаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ рейдҳо гузаронида, ба муҳоҷирони меҳнатӣ фишор меоранд, онҳоро таҳқир мекунанд ва баъзан нисбаташон ҳатто зӯровариро раво мебинад. Ҳамин тавр дар ҷараёни ҳар як амалиёт бо далели вайрон кардани тартиби вуруд, муҳоҷирати ғайри қонунӣ ё мавҷуд будани камбудиҳо дар ҳуҷҷатҳояшон шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ карда мешаванд.

Россия минбаъд дарҳои худро ба пуррагӣ ба рӯйи муҳоҷирон аз Осиёи Миёна мебандад ё роҳи дигари ҳалли масъала вуҷуд дорад? Александр Сафонов, профессори донишкадаи молияи назди ҳукумати Россия дар сӯҳбат бо media-mig.ru мушкилоти муҳоҷирони меҳнатиро шарҳ дода, роҳҳои ҳалли масъаларо пешниҳод намудааст.

“Дар қаламрави Федератсияи Россия миллионҳо нафар муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Тибқи маълумотҳои “Бонки умумиҷаҳонӣ” танҳо дар соли 2022 ҳудуди 49%-и даромади буҷҷа (ВВП)-и Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳое ташаккул ёфтааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба хонаҳошон, яъне ба Ватани худашон фиристодаанд. Маблағе, ки дар ин давра муҳоҷирони меҳнатии тоҷик интиқол додаанд, тақрибан ба 5, 2 миллиард доллар баробар мебошад. Содироти қувваи корӣ барои Душанбе масъалаи ҳаётан муҳим аст. Барои Россия низ муҳоҷирати меҳнатӣ як самти махсус мебошад, зеро иқтисодиёти кишвар бидуни муҳоҷирон пеш намеравад,”-гуфтааст ин олими рус.

Дар ҳақиқат бинобар мушкилоти демографӣ норасоии нерӯи корӣ қариб дар тамоми минтақаҳои Россия ба назар мерасад. Талабот ба қувваи корӣ махсусан дар соҳаҳои ҳаётан муҳим аз қабили сохтмон, хизматрасонии коммуналӣ, истеҳсолот ва бахши маишӣ хеле зиёд буда, дар ин соҳаҳо бештар муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна кор мекунанд. Дар сурати Русияро тарк намудани муҳоҷирон мушкили норасоии қувваи корӣ ба миён омада, ин ба иқтисодиёти Россия зарбаи сахт хоҳад зад.

Александр Сафонов, профессори донишкадаи молияи назди ҳукумати Россия мегӯяд, гузаронидани рейдҳои пай дар пай, фишор овардан ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аз қаламрави Россия ихроҷ намудани садҳо ҳазор муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо далели мавҷуд будани камбудиҳо дар ҳуҷҷатҳояшон роҳи ҳалли масъала набуда, танҳо бар зарари ду кишвар аст. Аз ин хотир Москва ва Душанбе бояд сари мизи машварату музокира нишаста, мушкилоти муҳоҷиронро ҳарчи зудтар ҳал кунанд.

Ба андешаи ин олими рус, иқтисодиёти Россия ба нерӯи корӣ, яъне муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сахт ниёз дорад, бинобар ин, пеш аз ҳама худи Россия бояд дар фикри осон кардани раванди ҳуҷҷатгузории муҳоҷирон бошад ва барои кору фаъолияти пурсамари онҳо шароитҳои заруриро фароҳам орад. Сафонов мегӯяд:

“Дар Тоҷикистон бештар аз фишору зӯроварӣ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Россия мегӯяд, Россия бошад, дар навбати худ қонуншиканиҳои шаҳрвандони ин кишварро далел меорад, аммо ин роҳи ҳалли масъала нест. Ҷонибҳо бояд тариқи гуфтушунид масъаларо ҳал карда, дар якҷоягӣ монеъаҳои асосиеро, ки боиси қонуншикании муҳоҷирон мегарданд, аз миён бардоранд. “

Дар идомаи сӯҳбаташ ин олими рус мегӯяд, беш аз 50%-и муҳоҷирони меҳнатӣ маҳз бо сабаби надоштани қайди муҳоҷиратӣ ва петент аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ мешаванд ва ин бе сабаб нест. “Вақте ки кас бо мақсади кор ба Россия меояд, пеш аз ҳама бояд ҷойи зист пайдо кунад ва худро дар қайд гузорад. Аммо аксари шахсоне, ки хонаҳояшонро ба иҷора медиҳанд, розӣ намешаванд, ки шаҳрвандони хориҷиро дар қайди манзили худ гузоранд. Аз ҳамин сабаб муҳоҷирон маҷбур мешаванд ба таври гурӯҳӣ дар як хона 10-15 нафарӣ зиндагӣ кунанд ё дар манзиле, ки ҳатто надидаанд, худро дар қайд гузоранд. Аксаран чунин қайдҳо сохта буда, боиси аз қаламрави Россия ихроҷ шудани муҳоҷирони меҳнатӣ мегарданд. Барои ҳалли ин масъала шабакаи махсуси хобгоҳҳои давлатӣ бояд вуҷуд дошта бошад, то ки муҳоҷирони меҳнатӣ тавонанд худро дар он ҷо ба қайд гузошта, то пайдо кардани ҷойи кор ва беҳтар шудани вазъи молиявиашон бе малол зиндагӣ кунанд”- таъкид кардааст ин коршиноси рус.
Александр Сафонов қабл аз шурӯъ ба кор аз муҳоҷирон талаб намудани маблағи патентро низ амали боинсофона намедонад.
“Мушкили дуюм пардохти маблағи патент мебошад, ки муҳоҷирон бояд онро баробари расидан ба Россия супоранд, на баъди он ки кор карда, маблағи муайяне ба даст меоранд. Ин боиси қонуншиканиҳои минбаъдаи муҳоҷирони меҳнатӣ мегардад. Муҳоҷир маҷбур мешавад барои ба даст овардани маблағи патент ба фаъолияти ғайриқонунии меҳнатӣ машғул шуда, бе патент кор кунад”-мегӯяд ин олими рус.
Ба андешаи Александр Сафонов, танҳо ба мӯҳлати 12 моҳ додани патент низ бар зарари кор аст, зеро муҳоҷирони меҳнатӣ маҷбур мешаванд, ки қаламрави ин кишварро тарк намоянд ва дубора маблағи зиёдеро сарф карда, ба Русия баргарданд. Ин ба киссаи бе ҳамин ҳам начадон бойи муҳоҷирони меҳнатӣ зарба зада, мушкилоти онҳоро бештар месозад.
“Беҳтар мешуд, ки квотаҳо тамдид карда шаванд ё ба пуррагӣ ба усули патентӣ гузарем,”-гуфтааст Сафонов ва таъкид кардааст, ки чунин мушкилиҳо зиёданд ва пеш аз ҳама бояд қонунгузории муҳоҷиратии Россия бозбинӣ шуда, монеъаҳое, ки раванди кор бо шаҳрвандони хориҷиро душвор мегардонанд, аз миён бардошта шаванд.
“Айни замон Вазорати корҳои дохилии Россия-МВД масъалаҳои муҳоҷиратро ҳаллу фасл намуда, ҳолатҳои қонуншиканиро ошкор месозад, ба қайд мегирад ва гурӯҳ-гурӯҳ муҳоҷиронро ихроҷ мекунад. Ин тарзи корбарӣ барои иқтисодиёти Россия манфиатовар нест. Аслан бо муҳоҷирон бояд он мақомотҳои давлатие сару кор гиранд, ки бо ҳалли масъалаҳои хоҷагии халқ машғуланд”-мегӯяд профессори донишкадаи молияи назди ҳукумати Россия Александр Сафонов. Олими рус таъкид кардааст, ки маҳз ҳамин масълаҳо бояд зимни музокироти дуҷониба ҳаллу фасл карда шаванд, дар акси ҳол раванди муҳоҷирати меҳнатӣ халалдор гашта, ҳам иқтисодиёти Россия ва ҳам иқтисодиёти Тоҷикистон зарар хоҳад дид.
“Барои ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷират баҳри созмон додани бозори ягонаи меҳнат дар қаламрави давлатҳои ИДМ талош варзида, қоидаҳои возеҳи қабул, бо манзил, макони зист ва ҷойи кор таъмин кардани муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиро ҷорӣ намудан лозим аст”-хулоса кардааст профессори донишкадаи молияи назди ҳукумати Россия Александр Сафонов.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД