Formula novemver 2024
НИЗОИ МАРЗӢ МОНЕАИ ТАҲСИЛИ МУҲАММАДИСО ДАР ТОҶИКИСТОН НАШУД
5232

Баҳсҳову низоҳои ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба одамони зиёде таъсир дошт. Бештар аз ҳама баста шудани марзҳо таъсир расонид. Ин таъсирро донишҷӯёни қирғизистонӣ дар Тоҷикистон ва тоҷикистонӣ дар Қирғизистон низ ҳис карданд.

Муҳаммадисо Зархоров аз ҷумлаи тоҷиктаборони зодаи Қирғизистон аст, ки дар ду низои ахир – баҳори соли 2021 ва тирамоҳи соли 2022 дар факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Душанбе таҳсил мекард. Ӯ дар суҳбати онлайнӣ бо “Оила” гуфт, ба сабаби низоъҳо ва баста шудани марзҳо дар даврони таҳсилаш дар Тоҷикистон ба душворӣ ба дидори волидонаш ба Қирғизистон мерафт.

“То соли 2021 мушкил набуд омаду рафти мо. Вале вақте марзҳо баста шуданд, андак мушкил шуд. Бинобар ин, ман аввал ба Узбекистон мерафтам ва аз он ҷо бо нишон додани билети донишҷӯиям ба ҷониби Қирғизистон мегузаштам. Дар бозгашт ҳам ҳамин тавр меомадам. Ҳатто ҳамон сол маҷбур шудам, ки 1 бор ба хона равам”, - гуфт ӯ.

м 4

Акс бо ҳамкурсон

Ба зикри Муҳаммадисо, агар роҳ кушода мешуд, метавонист бештар рафтуо кунаду орзу дошт хонаводаашро ҳам ба сайри Тоҷикистон орад, вале азбаски марзҳо баста буд, натавонист ин орзуи онҳоро амалӣ кунад.

“Моҳи октябри соли 2019 амаам ба хабаргирии ман ба Душанбе омада буд. Хобгоҳро диду донишгоҳро ва дар Душанбе сайр кард. Вақте таассуротамонро мо ба хонавода нақл мекардему аксҳоро барояшон нишон медодем, онҳо чӣ қадар ба ваҷд меомаданд. Бисёр мехостанд, ки омада, душанберо аз наздик бинанд. Вале азбаски роҳ баста шуд, натавонистанд то ҳанӯз ин орзуро амалӣ кунанд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба баёни ӯ, давраи дар Душанбе таҳсил карданаш ягон мушкил набуд ва роҳбарияти факулта ӯро мудом дастгирӣ мекарданд. Ҳатто онҳо таъкид доштаанд, ки агар бо мушкиле рӯбарӯ шуд, барояшон муроҷиат кунад.

“Декан даъват карда, гуфтанд, ки агар касе ба шумо ягон чиз гӯяд, ба мо муроҷиат кунед. Шумо бо квота омадаед”, - гуфт Зархоров.

Бахтиёри Қутбиддин, декани факултаи рӯзноманигории ДМТ дар суҳбат бо “Оила” гуфт, Муҳаммадисо донишҷӯи хуб буд ва дӯстиро тараннум мекард. Бар замми ин, нағз мехонду бо забони русиву тоҷикӣ хеле хуб менавишт.

Баха дакан

Бахтиёри Қутбиддин - декани факултети журналистикаи ДМТ

Ҳамчун садри факултет кӯшиш мекардам, ки ғарибиро эҳсос накунад. Дар хобгоҳ кӯмакаш мекардем. Ин ба он ваҷҳ буд, ки фаросат дошт. Дар масълаи бадбинӣ бовар доштем, ки дар ин масъала ба ӯ касе чизе намегӯяд. Ба ҳар ҳол ҳамон вақтҳои душвор кӯшиш мекардем, ки ягон сару садо нашавад. Шукр чизе набуду нашуд, - гуфт декани факултаи журналистика бо тасдиқи даъвату суҳбат бо ӯ.

Муҳаммадисо мегӯяд, дар ин миён модараш пайваста аз вазъи саломатии ӯ хавотир буд. Худаш ҳам ҳарос дошт, ки шояд дигар натавонад таҳсилашро идома диҳаду соҳиби диплом шавад, вале дастгирии устодону Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон барояш руҳ мебахшиданд ва дар Душанбе монду соҳиби ихтисоси дӯстдоштааш шуд.

“Дар зодгоҳи ман низ ҳар гуна овозаҳо паҳн мешуданд. Аз ин рӯ, ба ман аз хона занг зада мепурсиданд, ки касе хафаам намекунад. Махсусан, модарам бисёр хавотир буд. Пас аз он ки ман ба онҳо вазъиятро фаҳмонидам, оилаам ором шуданд. Гоҳҳо фикр мекардам, ки шояд дипломамро надиҳанд, аммо дар фикри интиқол набудам. Чунки ба ман касе кор надошт. Таҳсил чун пештар давом дошт ва ҳамкурсон ҳам бо ман дӯст буданд, - гуфт ӯ.

Меҳрофарин Наҷибӣ, ҳамсабақ ва дӯсти донишгоҳии ӯ, дар суҳбати катбӣ бо “Оила” гуфт, замони низоъ рӯҳияаши чандон бад надошт ва хонданаш хуб буд. Касе бо ӯ ҳамчун донишҷӯи аз Қирғизистон омада, муносибати бад намекарду миёни ҳамгурӯҳонаш эҳтиром дошт.

м 5

Меҳрофарин Наҷибӣ - ҳамсабақи Муҳаммадисо

“Муҳаммадисо ҷавони фаъолу чолок аст. Ӯ зодаи Қирғизистон аст ва дар он кишвар ба воя расидааст, вале ҳамвора мегӯяд, ки тоҷик аст ва воқеан ҳам эҳсоси баланди тоҷикият дорад. Ӯ бо забони гуфтугӯии тоҷикӣ ҳам хуб суҳбат мекунад ва забони русиро ҳам хуб медонад. Одоби муоширати накӯ дорад. Миёни дӯстону ҳамкурсон ҳам мавриди эҳтиром буд. Донишҷӯи фаъол ҳам буд ва ҳатто баъд аз дарсҳо назди устодон рафта, маслиҳат мепурсид. Ёдам аст, ки назди профессор Абдусаттор Нуралиев зиёд мерафт ва бо роҳнамоии он кас хеле зуд ба матбуоти тоҷик ҳам ворид шуд. Бештар қисса менавишт. Дар замони низоъҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳам муносибати ҳамкурсон бо Муҳаммадисо ва ё аз ӯ бо мо тағйир наёфт. Ӯ дар ин бора қариб ҳарф намезад ва кӯшиш мекард, ки бетараф бошад. Шояд ин кораш хуб ҳам буд, зеро Қирғизистон зодгоҳаш аст ва Тоҷикистон ватани миллиаш. Пас аз хатми донишгоҳ бисёр мехост, ки дар Душанбе истад, вале барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратура ба Русия рафт”, - гуфт Меҳрофарин Наҷибӣ.

Муҳаммадисо Зархоров 26 майи соли 2001 дар шаҳри Ҳайдарканди вилояти Ботканди Қирғизистон дар оилаи тоҷиктаборон таваллуд шуда, тариқи квотаи байнидавлатӣ дар соли 2019 ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Соли 2023 ин донишгоҳро хатм кард ва ҳоло аз рӯи ихтисоси мазкур зинаи магистратураро дар Донишгоҳи давлатии Байкали вилояти Иркутски Русия идома дода истодааст.

м 3

Ӯ хатмкардаи мактаби миёнаи №7 аст. Ин мактаб ягон дабистони тоҷикӣ дар шаҳраки Ҳайдарканди ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканди Қирғизистон буда, то соли пеш ба номи Абулқосим Фирдавсӣ буд. Ба зикри ӯ, ҳоло дар Ҳайдарканд беш аз 5000 тоҷиктаборон зиндагӣ доранд. Онҳо аслан дар мактаби рақами 7-и тоҷикӣ мехонанд, ки қариб 600 хонанда дорад. Аксари муаллимонаш дар Тоҷикистон таҳсил кардаанд.

Мухаммадисо 1

Муҳаммадисо даврони мактабхонӣ

Муҳаммадисо дар суҳбати онлайнӣ тариқи вотсап ба “Оила” гуфт, замони таҳсил дар мактаби миёна ровии чорабиниҳои мактабӣ буд ва маҳз ин боис гашт, ки ба факултаи рӯзноманигорӣ ҳуҷҷат супорад. Ӯ бо дастгирии Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон тариқи квотаи байнидавлатӣ ба Тоҷикистон барои таҳсил омад.

“Моҳи майи соли 2019 вақте феҳристи квотаҳо нашр шуданд, дар мактаб аз мо – хонандагони фаъол, пурсиданд, ки кӣ ба куҷо дохил шудан мехоҳад. Ман азбаски шогирди шоири маъруфи тоҷики Қирғизистон Шарифҷони Учқурғонӣ будам, ихтисоси рӯзноманигорриро интихоб кардам. Аввал маро ба Хуҷанд фиристоданӣ буданд, ба факултаи филологияи тоҷик, ки он ҷо кафедраи рӯзноманигорӣ аст. Аммо, баъди талабу дархости ману устодам, хушбахтона, ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Душанбе роҳхат ёфтам”, - гуфт ӯ.

Ба нақли Муҳаммадисо, ӯ ҳанӯз мактабхон буд, вақте бори аввал ба Тоҷикистон омад. Вай азбаски шеър менавишт, замони дар синфи 10 буданаш ба дидани Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш ба Хуҷанд омад.

“Он ҷо шеърҳоямро ба устод Озарахш нишон додам. Баъди таҳрири устод бо дастгирии он кас як шеърам дар ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва як шеъри дигарам дар рӯзномаи тоҷикии Қирғизистон – “Паёми Ала-Тоо” чоп шуд. Баъд бо тавсияи устод Озарахш ба ҷустуҷӯи Шарифҷони Учқурғонӣ рафтам ва ҳамин тавр, роҳи ман ба эҷод кушода шуд”, - гуфт Муҳаммадисо.

м 9

Муҳаммадисо дар маҳфили Озарахш

Бояд гуфт, ки аз соли 2008 квотаи байнидавлатӣ барои тоҷикони Қирғизистон ва қирғизҳои Тоҷикистон ташкил шуд, ки ҳамасола то 70 донишҷӯро тариқи он барои таҳсил ба кишварҳои ҳамдигар мефиристоданд. Сар аз соли 2021, бар асари низои марзӣ, ин табодули донишҷӯён қатъ гардид.

Муҳаммадисо мегӯяд, хоҳараш ҳам орзуи ба Душанбе омаданро дошт, аммо натавонист. Онҳо дар оила 4 фарзанданд. Падараш ошпазӣ мекунаду модараш корманди бахши хоҷагии мактаб аст. Онҳо мехостанд, духтарашон ҳам барои таҳсил ба Тоҷикистон равад, вале баста будани марз монеа шуд. Бинобар ин, хоҳараш ҳоло дар зодгоҳаш дар Коллеҷи омӯзгорӣ таҳсил мекунад.

“Хоҳарам ҳам ба Тоҷикистон омаданӣ буд, аммо нашуд. Агар марзҳо баста намешуд, ӯ ҳам ба Душанбе барои таҳсил меомад. Хонаводаи мо умед доранд, ки роҳ кушода мешаваду мо оилавӣ ба сайри Тоҷикистон меравем. Хоҳарам ҳам баъди хатми Коллеҷ таҳсилашро дар ягон донишгоҳи Тоҷикистон идома доданист. Мо ба ин умедворем”, - хулоса кард Муҳаммадисо.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД