shoh palace
НОЗУКОЙИ НОЗУК ХОНАМОНРО СӮХТ
7221

 

Зӯҳрою Шаҳло нишонаи падару модаранд Вақте ки Зӯҳро дар синфи ёздаҳу Шаҳло дар синфи дуюм мехонданд, садамаи нақлиётӣ рӯй доду падару модар ва се бародари ин хоҳаронро аз дунё бурд. Онҳо ҳамроҳи хешу табор ва ҳамсояву ҳамдеҳагон волидону се бародари нозанини худро ба хок супориданд.

МУРДА МЕМУРАДУ ЗИНДАҲО РӮЗИ ХУДРО МЕБИНАНД

Ҳамин хел моҳҳои зиёд паси сар шуданд. Оши ҳафту чил ва солро гузарониданду нақшаҳо дигар шуданд. Зӯҳро ҳам мактаби деҳаро хатм кард. Бибии ӯ - кампири Чинигул бо Зӯҳрою Шаҳло зиндагӣ мекард.

Рӯзе писараш Карим омада “ду пойро ба як мӯза зер кард"-у талаб намуд, ки Зӯҳроро ба шавҳар диҳанд. Бибӣ розӣ буд, аммо Зӯҳро якравӣ карда, "не" мегуфт. Карим бошад сари ду зону нишаста, талаб мекард:

- Гапи тағоро нагардон, ки ин дар шариат гуноҳи азиму нобахшиданист. "Тағо ба ҷойи падар" гуфтаанд.

Дар ҳавлии онҳо тӯй шуд. Тӯйи камхарҷу оддӣ. Зӯҳроро ба хонаи домод гусел карданд. Сипас, Карим модарашро бо ҳамроҳии Шаҳло ба хонаи худ бурд. Хонаю дари апаву язнаашро бошад, ба савдо гузошта, пул карду мошини сабукрави “Жигулӣ” харид.

Шаҳло аз хонаи падар танҳо китобдони мактабии худро гирифту халос. Гӯшвора, занҷираю гарданбанд ва ангуштаринҳои тиллоии модарӣ насиби зани Карим шуд. Карими тағояш тоқии чоргӯшаро пеши сар гузошта, каттагиҳои кӯри Ёқубро мекард. Худаш шоҳу табъаш вазир буд.


ПАДАРАМ ПАДАРИ ПИСАРАМ ШУД (ҚИСМИ 1)


Завҷаи ӯ Нозукой бошад, гӯшвораҳои тиллоӣ дар гӯшу ангуштарии никоҳии Меҳрӣ дар ангушт, ба мошини ширмонанди аз пушти кӯҳи “Қоф” омада нишаста, ба меҳмониву маъракаҳо мерафт. На аз Худо шарм мекарду на аз бандаҳояш.

Зиндагии Зуҳро хубу гуворо мегузашт. Зеро байни уву шавҳараш Аюб ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмрон буд. Ин ду ҳамболин аз чизе шикоят надоштанд, аммо...

Солҳо гузаштанд. Аммо ҳеҷ не, ки Зӯҳрою шавҳараш соҳиби фарзанд шаванд. Аюб аз бахти аввали худ рӯй тофан намехост. Бинобар ин, ӯро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекарду аз ӯ ҷудо шуданӣ набуд. Аммо дарди бефарзандиву коҳишҳои волидон оқибат кори худро кард. Рӯзе Аюб бо дили нохоҳам лаб кушод:

- Зӯҳро, ман аз ҷону дил туро дӯст медорам. Вале тақдир чунин будааст, ки Офаридгори олам ба мо фарзандро лоиқ надид. Ҳамхонагиамонро аллакай ҳашт сол шуд. Духтурону табибони халқӣ ҳам ба мо мадад расонда натавонистанду касбӣ ҳам. Чӣ мешавад, ки ман худро як бор имтиҳон кунам-а?

- Дар духтур?

- Не, не! Дар ягон занак.

- Чӣ-и-ӣ? Ту зани нав гирифтаниӣ?!

- Хайр, дигар чӣ чора? Ту ҳамеша якум будию чунин мемонӣ. Вақти зиёдамро ҳамроҳи ту мегузаронам. Бе ту ҳаётам талх мешаваду...

- Сафсата нахон! Ба гӯшам нафорид. Маро аз хона пеш кун, ё мардак барин ҷавобамро те! Ана баъд зан гирифтан хоҳӣ, иҷозат! – бо ғазаб гуфт Зӯҳро.

- Хато мекунӣ, азизам! Ман зани ҷавоб медодагӣ надорам.

- Не-не-е-е...

ҲАЁТ БАЪД АЗ ТАЛОҚ

Зӯҳро ба хонаи тағояш баргашт. Пас аз шунидани сирру савдои зиндагиву талоқ шудани Зӯҳро янгааш Нозукой “таркид”-у пӯстинашро чаппа пӯшид. Суханҳои нешдори ӯ ба дили Зӯҳрою Шаҳло чун ханҷари тез мехалиданд. Аммо чораи дигар надоштанд.

Кампири Чинигул ҳам вафот кард. Набераҳояш Зӯҳрою Шаҳло акнун бе пуштибон монданд. Хӯрдагиашон заҳр буду пӯшидагиашон кафан. Ғайр аз хонаи тағо дигар дари кушодае надоштанд. Намедонистанд, ки сарашонро ба кадом девор зананд.

Бо маслиҳати пешакӣ Зӯҳро рӯзе аз хонаи тағояш гурехт. Вай лаҳзаи муносиб ёфта, ороишоти меросмондаи модарашро гирифту ба шаҳри Душанбе рафт. Аммо дар шаҳр ҳеҷ касро намешинохт. Бинобар ин, ба доми шахсони духтарҷалоб афтоду "бероҳагардӣ"-ро пеша кард. Акнун ӯ дугонаҳои “кордон” пайдо менамуд.

Оворагардиҳои зиёду мардакбозиҳои дурудароз оқибат ба дили Зӯҳро зад. Ӯ аз пайи ҷустуҷӯйи ҷойи кори дигари сардаромадтару сарпаноҳи доимӣ шуд ва ниҳоят дар идорае ӯро ҳамчун фаррош ба кор қабул карданд. Чеҳрааш ба сардори идора писанд афтоду ӯ доимо такрор ба такрор мефармуд, ки дару деворро аз чангу гард тоза кунад. Ҳатто фармон медод, ки дубораю себора ба гулҳо об резад. Маълум буд, ки сардор ба доми ишқ рафтааст.


ПАДАРАМ ПАДАРИ ПИСАРАМ ШУД (ҚИСМИ 2)


Рӯзе сардор ручкаашро қасдан афтонда хоҳиш кард, ки Зӯҳро онро бардорад. Зӯҳро хам шуда, ручкаро аз замин гирифт. Пеши бари духтар  ин дам ба чашми сардор расиду худро дигар идора карда натавонист ва Зӯҳроро сахт ба оғӯш гирифта, бӯсаборон кард. Он рӯз онҳо аз ҳама охир идораро тарк карданд.

Зӯҳроро сардораш Холиқ акнун бо ҳар баҳона ба мошини шахсиаш савор карда, ба сайри дараҳои хушманзараи Варзобу Ромит мебурду дар болои тахтасангҳои соҳили дарёи Кофарниҳон ишқварзӣ мекарданд. Минбаъд ба маъшуқаи кӯчагии худ чунон туҳфаҳои гаронбаҳо мехарид, ки зани асосии ӯ дар хоби шабаш ҳам надида буд. Ҳатто аз марказ барои Зӯҳро якхонагӣ харид.

Нақшаи амалиёти Холиқ пас аз хонагирӣ дигар шуд. Ӯ зани дигар хост, вале ба Зӯҳро қавл дод, ки вай як умр дӯстдоштаи ӯ боқӣ мемонад. Зӯҳрои сарсахт ҳам дигар чора надошт. Ӯ хоҳараш Шаҳлоро аз деҳа ба шаҳр оварду ҳамчун туҳфа пешкаши Холиқ намуд. Мардак ҳам аз ин “туҳфа”-и маъшуқааш рӯй натофта, ба масҷиди наздиктарин рафту мулло овард ва Шаҳлоро ба худ никоҳ кард.

Зӯҳро пас аз як ҳафта ба хонаи язнааш омад. Холиқ дар танҳоӣ ба ӯ фаҳмонд, ки чизе байнашон буд, фаромӯш кунаду зиндагии ваю Шаҳлоро талх насозад. Аммо ин маслиҳат ба Зӯҳро хуш наомад.

Шаб. Зӯҳро дар хонаи хоҳараш монд. Вақти хоб шуд. Бо хоҳиши Холиқ занаш Шаҳло ҷойгаҳи хоби шавҳарашро дар ошхона партофт. Ними шаб Зӯҳро хоҳарашро маҷбур кард, ки Холиқро оварда дар бари худ хобонад. Ӯ ба ошхона мегузарад.

Шаҳло ҳам рафта матлаби Зӯҳроро ба шавҳараш арз кард. Холиқ розӣ шуд ва Зӯҳро ба ошхона гузашта, дар ҷойгаҳи язнааш дароз кашид. Акнун моргазидаро хоб мебурду ӯро не.

Холиқ Шаҳлоро бӯсида, даст ба бадани нозанини ӯ бурданӣ буд, ки Зӯҳро ба хонаи хобашон зада даромад ва дар паҳлӯи онҳо ҷой гирифт. Холиқ тез аз ҷой хеста, либосҳои тагашро пӯшид:

- Шарм намедорӣ, Зӯҳро?!

- Шарм дар бозори чарм, - кинояомез гуфт ӯ.

- Охир, ту дар хонаи мо меҳмонӣ, меҳмон.

- Медонам. Лекин ман низ тани ҷавони гарм дораму ба ман ҳам оғӯши мард мефорад. Он оғӯшу бӯсобӯсиҳоятро то ҳол фаромӯш накардаам,-гуфт бешармона Зӯҳро ва тамоми асрори худу Холиқро ба Шаҳло кушода дод.

- Ҳар чӣ буду набуд, ба гузаша салавот! – гуфт Холиқ дар ҷавоб ва хост аз Зӯҳрои шаттоҳ халос шавад.

- Не-е-е-е... тӯшбераро хом шуморидӣ, язна!-гӯён Зӯҳро низ ҳаққи худро муфт аз даст доданӣ набуд.

- Минбаъд, ту ба хонаи мо ҳамчун меҳмон рафтуомад кун.

- Эээээй, хестӣ, ки хобӣ.

Холиқ дид, ки масъала ранги дигар мегирад, ба фиреб гузашт.

- Хайр, хоҳарат чӣ мегӯяд? Шармандагӣ аз ин зиёд намешавад. О, яке Шаҳлоҷон хонаро тарк кунад-чӣ? Пас куҷоятро мехорию додатро ба кӣ мегӯӣ-ҳа?!

- Ӯ ба ҳеҷ куҷо намеравад, натарс! Хонаи тағоямон гулхона нест, ки равад. Тағоямон қабрашро кайҳо кандагию занаш ба қади хоҳарам кафан пора кардагӣ.

ЗИНДАГӢ БО КӮДАКИ БАТН

Ҳоло Шаҳло аз Холиқ ҳомила аст. Мардак бошад аз ин атои Худованд тамоман шод нест ва ақаллан намеболад. Дили Шаҳло низ таҳ кашидагию тамоман хурсанд нест. Танҳо Зӯҳро ба куртааш намеғунҷиду бас. Духтарак аз хурсандӣ ҷойи нишаст намеёфт. Охир ӯ ҳам баробари Шаҳло ҳомила асту падари фарзанди дар батнашбуда ҳамин Холиқ мебошад.

Бале, Холиқ! Холиқе, ки шавҳари шариатии хоҳараш Шаҳло асту шабҳоро бештар дар оғӯши апа рӯз мекунад. Э войи ин зиндагӣ!

Гурези Иброҳим,

ш. Ваҳдат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД