sebiston july new
Шавҳаратон аз шумо мегурезад?
3829

 

Якбора тағйир ёфтани рафтору гуфтору кирдори шавҳаратонро дида, ҳайрон мешавед, ки ба ӯ чӣ шудааст?

Чаро марде, ки пештар сад бор қурбонатон мешуд, акнун шуморо гӯё намебинад ва намешунавад? Ҳамсаратон ба дараҷае бепарво шудааст, ки вуҷуд доштани шуморо пай намебарад?

Зоҳиран мардакатон ба шумо хушгӯӣ мекунад, вале суханонаш ким-чихел сохтакорона мебароянд?

Вақтҳои охир шавҳаратон бо ҳар баҳона аз кор дер меояд ё умуман шабҳо ба хона намеояд?

Мехоҳед донед, ки шавҳаратон маъшуқа дорад ё не? Пас мутаваҷҷеҳ бошед! Мо ба шумо дар бораи 5-нишонаи бо зани дигар рағбат доштани мард маълумот медиҳем.

Шавҳаратон аз шумо мегурезад?

Нишонаи аввалини бо зани дигар муносибатҳои маҳрамна доштани мард аз ҳамсари қонуниаш бо ҳар баҳона гурехтани ӯст. Дар издивоҷи солим зану шавҳар мехоҳанд ҳамеша бо ҳамдигар бошанд ва барои ин саъй мекунанд. Вақте ки ҳамсаратон бештари вақташро дар кор, бо дӯстон ё дигар машғулияту маҳфилҳо сарф менамояд, бепарвоӣ накунед. Албатта мо сад дар сад гуфта наметавонем, ки дар ҳаёти шавҳари шумо зани дигар пайдо шудааст, вале яке аз нишонаҳои маъшуқа доштани мард ҳамин аст.

Мардакатон олуфтаю хушбӯй шудааст?

2. Нишонаи дуюми маъшуқа ёфтани мард якбора ба сурати ҳозирии худ диққаи зиёд додан ва олуфтаю хушлибосу хушбӯй шудани ӯст. Пештар куртаи шавҳаратонро бо як азоб аз танаш кашида мешустед, вале акнун ҳар саҳар оббозӣ карда риш метарошад ва ба фитнесу мӯд таваҷҷӯҳи хоса пайдо кардааст? Бодиққат бошед, зеро аз эҳтимол дур нест, ки мардакатон бо зани дигар робата пайдо намудааст ва ба хотири ӯ шуда, ин қадар заҳмат мекашад, то ки дилкаш бошад. Ҳамсаратон тез-тез ба афту андоми шумо эрод гирифта, дар наздатон бе парда занҳои дигарро таърифу тавсиф намояд, бидонед, ки ӯ ба шумо хиёнат мекунад.

Телефонашро пинҳон месозад?

Мадакатон баробари аз кор омадан телефонашро дар код гузорад ва чашми шуморо хато карда, дар ҷойҳои пинҳонӣ бо ким-киҳо телефонӣ суҳбат намояд, донед, ки вай чизеро аз шумо пинҳон кардан мехоҳад. Маъмулан мардоне, ки мъшуқа доранд ва метарсанд, ки ҳамсарашон ҳамаашро фаҳмида ҷангу ҷанҷол мебардорад, чунин рафтор мекунанд. Барои санҷиш метавонед қасдан телефонашро ба даст гирифта, чунин вонамуд созед, ки СМС ва хабарҳояшро мехонед ё вақти сӯҳбат карднаш якбора пайдо шуда, бо кӣ ин қадар ширин сӯҳбат краданашро пурсон шавед. Мард, агар дар ҳақиқат маъшуқа дошта бошад, асабонӣ шуда ба саратон дод мезанад ё ба саволатон дағалона ҷавоб медиҳад.

Аз худ қаҳрамон метарошад?

Шавҳаратон доимо худро ҳамчун қурбонӣ ё баръакс мисли қаҳрамон муаррифӣ мекунад? Нисбати ин рафтори ӯ бепарво набошед, чунки аксаран мардони булҳавас ва бевафо чунин рафтор менамоянд. Мардони занбоз ҳеҷ гоҳ хатогии худро ба гардан гирифтан намехоҳанд ва ҳамеша дигаронро гунаҳкор месозанд. Аз худ қаҳрамон ё баръакс қурбонӣ сохта, ин тоифаи мардон мехоҳанд дар хатои худ дигаронро гунаҳкор созанд. Вақте ки зан аз сирри пинҳони шавҳар огоҳ шуда, ҷангу ҷанҷол мебардорад, мард аз худ қурбонӣ тарошида, дар ҳама ҷо бечоранолӣ мекунад, ки дар асл ягон маъшуқа надошт, вале ҳамсараш ӯро тӯҳмат карду барқасди ӯ бо зани дигар робита барқарор намуд. Тоифаи дуюми мардони хиёнаткор аз худ қаҳрамон тарошида, мегӯянд, ки занашон умуман писандашон набуд, аз ҳамин сабаб он зани чиркинак ва ё ноӯҳдабаррро партофтанд. Айбро б градани зан зада, мард мехоҳад худро сафед созад ва ҳамзамон аз худаш қаҳрамон бисозад, яъне ӯ марди арзанда аст, вале занаш муносибаш набуд, аз ҳамин хотир аз баҳраш гузашт, то ки зани ба худ арзандаро пайдо намояд.

 

Аз таги нохун чирк мекобад?

Вақте ки мард бо зани дигар робати пайдо мекунад, инҷиқ шуда, баҳудаю беҳуда ба ҳар як кору рафтори ҳамсари қонуниаш эрод гирифтан мегирад. Вақте ки ҳамсаратон дар бораи талоқ фикр мекунад, аллакай шумо барои ӯ ҳамчун шахсият вуҷуд надоред. Ин мард танҳо ба он хотир эрод мегирад ва айб меҷӯяд, ки шумо бо пойи худатон аз хона баромада равед ва барои ӯ роҳ кушоед. Роҳ барои сохтани ояндаи дурахшоне, ки дар он барои шумо ҷой нест. Шавҳаратон шуморо ошкоро аҷинаю маймун гуфта, паст занад, бидонед, ки ӯ кайҳо зани идеалии худро пайдо кардааст ва дигар бо шумо зистан намехоҳад. Дар ин ҳолат зан бояд қадри худро бидонад ва ҳаргиз дар назди марде, ки ӯро паст мезанад, худро хору зор насозад. Беҳтараш ба рӯяш туф карда, баромада равед, зеро бузургон гуфтаанд: Сар амон бошад, кулаҳ ноёб нест!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД