sebiston july new
ТОҶИКБАЧАИ “МАШЕННИК” ТОҶИКОНРО БО ЧЕЧЕНҲО ҶАНГ АНДОХТ, ВАЛЕ...
8252


Чанд рӯз боз дар сомонаҳои иҷтимоӣ навори видеоие чарх мезад, ки дар он як тоҷикбача бо чашмони гирён аз чеченҳо шикоят мекард. Он ҷавони тоҷик аз он шиква менамуд, ки чеченҳо ӯро бе ягон айбу гуноҳ бераҳмона лату кӯб кардаанд.

Оби дидаи тоҷикбачаи шаттахӯрда раҳми тоҷикони муҳоҷирро овард ва ҷавонро ба бемористон бурданд, то табобат намоянд, вале баъдан маълум гашт, ки ин ҷавон дар асл фиребгари гузаро ва ба қавли маъруф “машенник” будааст.

Ҷавоне, ки худро ҳамчун сағераи бесоҳиб муаррифӣ менамуд, дар асл падару модар дошта, Алиҷон ном дорад ва сокини ноҳияи Кӯшониёни Вилояти Хатлон мебошад. Алиҷон Нуралиев пештар дар Тоҷикистон 4 маротиба ҷиноят содир намуда, барои дуздию мардумфиребӣ бо моддаи 244 маҳкум гаштааст. Дар Русия низ ин ҷавони бехирад даст ба дуздӣ зада, сазои амалашро дидааст.

Алиҷон Нуралиев барин шахсони бе нангу номус бо амалҳои пасташон номи миллати тоҷикро доғдор намуда, байни намоягдагони қавму миллатҳои гуногун тухми фитнаю душманӣ мекоранд, бинобар ин, мо аз тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш менамоем, ки ба найрангҳои чунин нокасон дода нашаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД