sebiston july new
80 муҳоҷирро барои муноқиша бо пулис ҳабс карданд
570


Дар Русия зиёда аз 50 нафар муҳоҷирони меҳнатиро барои муноқиша бо кормандони пулис ҳабс карданд.

Ҳодиса дар наздикии бозори " Садовод" рӯй дода, як гурӯҳи калони муҳоҷирони меҳнатӣ бо кормандони пулис муноқиша намуда, онҳоро дашном додаанд ва ба мошини хизматиашон зарар расонидаанд.
Тавре ки расонаҳои русӣ менависанд, моҷарои муҳоҷирони меҳнатӣ бо кормандони пулис аз рӯйи як таксисти 21-солаи тоҷик сар задааст.

Тавре ки расонаҳои русӣ, аз ҷумла Медуза дар такя ба Вазорати корҳои дохилии Россия навиштааст, милитсионери минтақавӣ хостааст ҳуҷҷатҳои ронандаи муҳоҷир-Суҳроб Юсупови 21-соларо тафтиш намояд, вале ронанда ба ин талаботи қонунии корманди мақомоти давлатӣ итоат накарда, аз ҷойи ҳодиса фирор карданӣ шуда, корманди пулисро бо мошинаш ба масофаи чанд метр кашола кардааст, баъд аз мошинаш пиёда шуда, корманди пулисро лату кӯб кардааст.

Аммо шоҳидони ҳодиса бо шарти ифшо накардани номашон гуфтаанд, ки кормандони пулис аз таксист талаб карданд мошинашро аз сари роҳ гирад ва ронанда ҳанӯз фурсати нафас рост кардан наёфта ба вай ҳамла карда, таксистро бо дубинка ва электрошокер заданд.
Муҳоҷирон бо дидани ин манзара ба муноқиша ҳамроҳ шудаанд ва кормандони пулисро дашном дода ба мошинашон осеб расонидаанд.

Кормандони пулис 2 маротиба ба ҳаво тир кушода, баъдан амалиёти боздошти тамоми иштирокчиёни ин моҷароро шурӯъ намудаанд.

Дар пайи ин ҳодиса зиёда аз 80 нафар муҳоҷирон боздошт шудаанд. Суди ноҳияи Люблинои Маскав аллакай ҳукми 51 муҳоҷирро барои итоат накардан ба пулис содир намудааст ва онҳо дар ҳабси маъмурӣ қарор доранд. 22 муҳоҷири дигар дар пайи ин ҳодиса аз қаламрави Россия ихроҷ карда мешаванд. Тақдири муҳоҷирони дигар ҳанӯз маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД