arzon replenishment
Аждаҳозан Қисми 1
10.07.2022
Дилошуб
1534
no-img


Ориф Назарро нимашабӣ зангҳои пай дар пайи телефонаш аз хоб бедор карданд, профессор рӯйи тоблуи телефон рақамҳои духтурашро дида, хоб аз дидаҳояш парид, дилаш ларзид…

Анӯша бо ду фарзанди ноболиғ танҳо зиндагӣ мекард, шавҳараш дар садамаи автомобилӣ фавтида, зани нозанинашро ғамдору сияпӯш намуда буд. Дили падар дар сина чун кабӯтари бадом афтода пар-пар мезад, Анӯша бо гиря гуфт:
-Дадаҷон аҳволи модарам бад аст, ӯро ба шӯъбаи эҳёгарӣ бурданд. Ориф Назар нафаси осуда кашид, хайрият Анӯшаву фарзандаконаш тинҷ будаанд…
Аввал нахост аз ҷойгаҳи гармаш дар ин нимашабии сарди зимистон, ки тарбарф пасу пеш мезад, хезад, вале ҳамсараш ӯро ба зӯр аз ҷояш хезонд:
-Хез мардак, ба хотири фарзандонат, хез…

Ориф Назар аз ҳавлияш, ки дар як канори ороми шаҳр воқеъ буд, ба беморхона роҳ пеш гирифт, мошинашро дар роҳи яхбаста бо эҳтиёт меронд ва зиндагияш чун навори кино пеши назараш ҷилвагар мешуд…

Ҷавони донишманд

Ориф дар оилаи камбағал, дар яке аз ноҳияҳои дурдасти сарҳадӣ ба дунё омада, ба воя расид.Падару модараш даҳ фарзандро бо нони ҳалоли деҳқонӣ ба воя расониданд. Ориф- писари калонии онҳо хеле зираку доно буд ва мактабро бо медали тилло хатм намуда, шомили Донишгоҳи тиббӣ шуд. Он солҳо ҷавонон танҳо тариқи дониш ва хеле кам ба Донишгоҳи тиббӣ дохил мешуданд. Ориф ҷавони дидадаро ва боақлу тамизе буду зуд дар қалби устодони донишгоҳ низ ҷо гирифт. Худро ба тамоми кор мезад то пул кор кунаду муҳтоҷи касе набошад. Солҳои шӯравӣ донишҷӯ метавонист бо идрорпулӣ як моҳ зиндагӣ кунад, аммо Ориф ҷавони устухонаш бо меҳнати деҳқонӣ шахшуда бекор истода наметавонист.

Дар курси дуюм аллакай бо кӯмаки як устодаш баъди дарс дар як беморхона кор мекард, санитар буд. Падари деҳқонаш чанд бор ба хабаргирияш омада, барояш каме маблағ дод, вале нагирифт, зеро медонист, ки падараш бо чӣ азобе пул меёбад. Оҳиста-оҳиста додарони дигараш донишҷӯ шуда, наздаш омаданду ташвишҳояш зиёд шуданд.

Дар курси охир мехонду падараш зиёд мехост ӯ ба деҳа биёяду хизмати мардуми ноҳияро кунад. Модараш барояш аллакай духтари зебоеро низ таги чашм карда буд, аммо дили Ориф ба ҳалқаи зулфи дигаре банд буд…

Нозанин

Нозанин духтарки резапайкари сабзина, дар Донишгоҳи омӯзгорӣ мехонд. Байни ҷавонон як анъана буд, ки дар иду ҷашнҳо ҷавонони донишҷӯе, ки аз як ноҳия буданд, як ҷо ҷамъ меомаданд. Аз ноҳияи онҳо сӣ нафар донишҷӯ буданд, ки бо ҳам муошират мекарданд. Нозанину Ориф дар ҳамин гуна ҷамъомадҳо ба ҳам шинос шуда, аҳди ошиқӣ бастанд. Зуд-зуд ба кинову театр ва тамошои боғу гулгаштҳои пойтахт мерафтанд ва азм доштанд, ки баъди хатми донишгоҳ хонадор мешаванд.

Чун Ориф ин хабарро ба падару модараш расонд, онҳо чизе нагуфтанд, зеро ба писарашон боварӣ доштанд. Нозанину Ориф якҷоя донишгоҳро хатм карда, ба ноҳия баргашта ба кор сар карданд ва бо ризоияти волидон издивоҷ намуданд. Зиндагияшон хеле ширин оғоз шуд, ду мутахассиси ҷавони маҳаллӣ, гули сари сабади маъракаву маҳфилҳо буданд. Хоса Нозанин, ки муаллимаи забон ва адабиёт буду аз шеъру шоирӣ хабардор, дар тамоми иду ҷашнҳо бологузару сухангӯ буд.

Хусуру хушдоман ва пайвандони шавҳар келини сухандону олуфтаашонро хеле дӯст медоштанд. Зиндагӣ идома дошту бо кӯмаку дастгирии онҳо ду ҳевари дигарашро низ хонадор карданд, Орифу Нозанин соҳиби як писару як духтар шуданд ва аз ҳавлии падарӣ кӯч бастанд ба маркази ноҳия…

Рӯсиёҳ

Зиндагияшон дар маркази ноҳия дер давом накард, зеро даргириҳои маълуми соли навади асри пор оғоз гаштанду онҳо ба Душанбе кӯч бастанд. Баъди иҷорашиниҳои тулонӣ, онҳо соҳиби хонаи шахсӣ шуданд, оҳиста-оҳиста Нозанин ба вазифаҳои баланд гузашт, Ориф низ ба унвонҳои баланди тиббӣ ноил гашт, вале дар зиндагияшон хушбахтии пешин эҳсос намегашт.
Нозанин мӯйҳои дарозашро бурида, доманҳои кӯтоҳу танг ба бар мекард. Гапи шавҳараш барояш он қадар аҳамият надошт, Ориф медид, ки занаш аллакай аз вай дур шудааст ва бисёр вақтҳо ман хастаам гӯён, бистарашро алоҳида мепартояд. Баъдҳо Нозанин, ки акнун аз деҳотӣ буданаш як тора мӯй боқӣ намонда буд, шляпаҳои аҷибе ба сар мемонду сарашро зард карда, худашро ба масхарабозҳои сирк монанд карда буд. Ӯ дар вазифаи равғание кор мекарду бо пулҳои бо роҳи «чап» кор кардааш барои худаш хонаи алоҳидае харид ва эълон дошт, ки дар ҳавлӣ бо келину набераҳо монда мешаваду ба хонаи дуҳуҷрагияш кӯч мебандад.

Духтарашро ба шавҳар доданду Нозанин дигар қариб дар ҳавлӣ пайдо намешуд, Ориф пеш аз харидани хона бо ӯ сахт ҷанг карда, қаҳрӣ буд ва бо ӯ гап намезад. Ориф профессори соҳаи тиб, марди обрӯманд, духтару писарашро низ аз хонадонҳои бонуфузе келину домод гирифта буданд, аммо касе намедонист, ки ин марди сарватманду ҳамеша хандон дар дил чӣ алам дорад. Аз дасти море, ки дар остинаш парварида буду ҳоло ба аждаҳо мубаддал шуда…
Як шаб аз як шабнишинӣ хеле дер соатҳои яки шаб хестанду Ориф Назар қарор дод, ки назди Нозанин меравад ё зиндагиро аз нав шурӯъ мекунанд ё ба таври расмӣ ҷудо мешаванд. Ҳарчанд келинаш ба хизматаш тайёр буду мисли падараш ҳурмату эҳтиромаш менамуд, аммо ба мард марҳами тан даркор аст ку.

Нозанин низ ҷавон набуд, ба шаст қадам мемонд, умри Ориф бошад, сарҳади шасту дуро убур мекард. Ориф Назар гумон дошт, ки ин ташрифаш Нозанинро хурсанд мекунад, ҳатто як даста гул ҳам гирифт, аммо кош пойҳояш мешикастанду сӯйи он лонаи ҳаром роҳ пеш намегирифт…

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД