arzon replenishment
Ҷазои ҳоҷии занбоз қисми 1
1882


Салом ба кулли хонандагони ҳафтаномаи “Оила”. Ман як зани 60-солаи тоҷик, мехоҳам қиссаи пурдарди зиндагиамро ба шумо нақл кунам, то ки ба тамоми мардҳо дарси ибрат гашта, аз роҳи рост берун ва фирефтаи васвасаҳои шайтонӣ нашаванд, зеро ягон амалу рафтори бандааш аз назари Офаридгор дур намемонад, вале Худованд дергири сахтгир аст. Беҳуда нагуфтаанд:
                 Асои Худо садо надорад,
                 Баъди заданаш даво надорад.

                 Дарди дили ҳоҷибибӣ
Банда модари 5 фарзанди баркамоли солиму зебо, як зани аз ду олам бохабар ҳастам ва се-чор сол қабл хонаи худо-Каъбаро зиёрат намуда, ҳоҷибибӣ шудам.

Шукри офаридгор хонаву дари обод, зиндагии серу пур ва фарзандони бо нангу номусе дорам, ки ҷонашон бо ҷони ман гӯё пайванд асту намемонанд, ки поямро ба замин сахттар монам, очаҷон гӯён, мудом дар гирдам парвонаанд ва ҳанӯз сухан аз забонам набаромада, чизи дилхоҳамро бароям муҳайё мекунанд, вале бо ин ҳама давлату сарват як умр мисли ҳезуми тар дарун ба дарун сӯхтам. Сабаби як умр дар дар зиндагӣ азоб кашидану умре ғаму ғусса хӯрдани ман танҳо шавҳарам буд.

                         Духтари раис
Таъриф нашавад, аз азал бойдухтар будам ва умре гули чизро хӯрда, гули чизро мепӯшидам. Падарам умре раисӣ карда, намемонданд, ки хоре ба пои мо, фарзандонашон халад, вале зиндагии серу пур дошта бошем ҳам, мисли фарзандони баъзе сарватмандони имрӯза мо эрка ва худпараст набудем.

Падарам ҳамеша таъкид мекарданд, ки инсон аз хок омадаасту боз ба хок меравад, духтари раис ё писари раис ҳастам гуфта, дағдаға накунед, чунки давлату сарвати дунё ба касе вафо накардаасту намекунад ва аспи шӯҳрат имрӯз зери пойи яке бошад, фардо рӯйи зинаш дигаре менишинад...

Хулоса, бо чунин панду насиҳатҳои зиндагиомӯз волидони сахтгир ва ҷаҳондидаам моро тарбияи нек дода, ба воя расониданд, вале...

                  Сағераи пойлуч
Дар ҳамсоягии мо зане мезист, ки бо панҷ фарзанд бева монда буд. Шавҳараш дар садамаи нақлиётӣ вафот карда, рӯзи холаи Сайрам ва фарзандонаш аз шаби торик ҳам сиёҳтар гашт. Бечора занак барои он ки ба кӯдаконаш як луқма нон ёфта диҳад, дар хонаҳои ҳамсояҳо ба қавле хизматгорӣ мекард.

Холаи Сайрам 4 духтару як писар дошт ва ана ҳамин писари ягонааш подаи деҳаро бонӣ мекард, то ба модараш каме ҳам бошад, дар кашидани аробаи шалақи зиндагӣ кӯмак кунад. Хулоса, бо азобҳои алим холаи Сайрам чаҳор духтарашро, ки бисёр боодоб ва ҳунарманд буданд, пай дар пай ба воя расонида, шавҳар дод, писари ягонааш Амирҷон бошад, бо қувваю дониши худ ба факултаи иқтисодиёти донишгоҳ дохил шуд.

Ҳамсояҳо ба ин ҷавони ятим, ки ҳар рӯз китобҳояшро ба халта андохта, ба подабонӣ мерафт, то дар дашту пушта вақти холӣ ёфта, китоб хонад, аҳсан мехонданд, чунки дар он замон дохил шудан ба донишгоҳ кори саҳлу осон набуд ва баъзан ҳатто фарзандони одамони бообрӯ низ донишҷӯ шуда наметавонистанд...

                 Подабон домоди раис шуду...
Амирҷон, ки аз ман ду-се сол калонтар буд, баъди хатми донишгоҳ ба ноҳия баргашта, асои дасти модари пираш гашт ва чӣ мегӯед, ки рӯзе ана ҳамин сағерабача ҷуръат карда, ба хонаи мо хостгор фиристод. Таъриф нашавад, талабгорони мани 19-сола он замон аз мӯйи сарам бештар буданд ва касе ба гӯшаи хаёлаш ҳам оварда наметавонист, ки раиси номдор хостгории чандин оилаҳои бообрӯро рад карда, оқибат кенҷадухтари нозанинашро ба як сағераи почаканда медиҳад, вале падарам “Амирҷон бе касу кӯй бошад ҳам, бисёр бачаи бо нангу номус аст, занак, бо чунин шавҳар духтарамон хор намешавад” гӯён, бо модарам маслиҳат карда, хостгории холаи Сайрамро пазируфт.

Дар замони муосир ҷавонон худашон бахташонро интихоб мекунанд, вале мо, духтарони даврони шӯравӣ ҷуръат надоштем, ки ба рӯйи падару модар нигариста, инро мегирам ё намегирам бигӯем ва ман ҳам ихтиёрро ба дасти волидонам гузошта, хомӯшона ин амри онҳоро қабул кардам ва ҳамин тавр, маро ба Амирҷон фотиҳа карданд...

                   Насиҳати падар
Падарам “Сағера аст, ҳаққи сағирро хӯрдан ҳаром аст” гӯён, аз модари Амирҷон чизе талаб накард ва аз ҳисоби худаш тӯйи зебое ороста, маро ба хонаи бахтам гусел кард. Пеш аз никоҳ падарам бо ман дар алоҳидагӣ сӯҳбат карда гуфт:

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД