Oila Navruz
Чаро Сабрина аз хонаи падараш гурехт?
2394

 

Салом! Ман Сабрина, сокини шаҳри Душанбе, мехоҳам қиссаи ишқи худ ва сарнавишти талхамро ба шум қисса карда,маслиҳат бипурсам.

Собир ном ҷавонеро дӯст медоштам. Бечора бача волидони маро одам гуфта, ба хонаамон омад, то рози дилашро гӯяд, вале падарам ба ҷойи мақсади ӯро фаҳмидан бо дашномҳои қабеҳ Собирро аз хона пеш карду карду баъд ба ман дарафтода, аз мӯйи сарам кашолакунон маро ба даруни хона даровард ва чунон лату кӯб кард, ки қариб мемурдам. Бо ин ҳам қонеъ нашуда падарам маро дар хона зиндон кард ва дарро аз болоям қулф зад. Модар ва хоҳару бародаронам аз падарам қади аҷал метарсанд, аз ҳамин сабаб касе ба дари хонае, ки ман он ҷо зиндонӣ будам, наздик намешуд.

Дар ин миён Собир чанд бори дигар ба хонаамон омада зорӣ кардааст, ки ба издивоҷи мо розигӣ диҳанд, вале падарам бо табар ва арматур ба ӯ ҳуҷум карда, мисли саг бачаи бечораро аз дар рондааст. Ошиқи бечораам аз падари золими ман мушту лагади бисёре хӯрда, ҳатто ба беморхна афтид.

Хуласи калом, баъди чанд рӯз падарам бо гумони он ки ақли ман ба сарам задааасту дигар ҳато номи Собирро ба забн намегирам, маро аз ҳасби хонагӣ озод намуд. Зоҳиран чунин вонамуд мекардам, ки ба тақдир тан дода, аз ишқи худ даст кашидаам, вале дар асл аз ҳама пинҳонӣ бо собир телефонӣ гап мезадам ва маслиҳат кардем, ки мегурезем. Як шаб баъди он ки аҳли оила ба хоб рафтанд, де-се куртаамро ба як селофан андохта, оҳистаяк аз тиреза фаромадам.

Дар поён маро аллакай дӯстдоштаам интизор буд. Бо дидаҳои ашкбор манзилеро, ки замони кӯдакиам он ҷо гузашта буд, тарк намуда, дасти Собирро маҳкам доштаму аз хонаи падар ва деҳа фирор намудам.

Дар шаҳр м хонаеро иҷора гирифтем ва мулло оварда бо никоҳи мусулмонӣ зану шавҳар шудем.

Аз байн аллакай як сол гузаштааст ва мо имрӯз соҳиби фарзандем, вале оташи ҷангу ҷанҷол ҳанӯз байни авлоди ман ва шавҳарам хомӯш нагаштааст. Мешунавам, ки пПадарам модари бечораамро азоб дода, мудом «ҳамааш айби ту аст, агар дуруст тарбият мекардӣ, духтарат думи бачаи мардумро гирифта намерафт» гӯён, мезадааст.

Падарам гуноҳи маро мебинаду айби худашро не, агар ӯ маро бо обрӯ ба ҷавони дӯстдоштаам ба шавҳар медод, аз хона фирр намекардам. Мани дилдода аз ночорӣ ин корро кардам, зеро падарам имкон надод, ки ба муроди дилам бирасам.

Ростӣ модару хоҳаронамро сахт пазмон шудаам, вале падарам таъкид кардааст, ки агар маро ёбад, сарамро аз танам ҷудо мекунад, аз ҳамин сабаб роҳи деҳа дигар бароям баста аст.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам, ки волидонам маро бубахшанд?

Сабина, ш. Душанбе

 

Аз идора

Хоҳари азиз, Сабрина!

Аз хонаи падаратон фирор намуда, шумо кори бисёр бад кардаед. Беҳуда бузургонамон нагуфтаанд:

Бе пир марав, ки дар бимонӣ,

Ҳарчанд Сикандари замонӣ.

Бе дуои пирон, хоса бе дуои неки падару модар одам ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ хушбахту сарбаланд намешавад. Бе дуои волидонатон ба ҷавони дӯстдоштаатон ба шавҳар баромада шумо сари падаратонро дар байни мардум хам кардед. Мегӯед, ки Собир ба назди падарам рафта буд, вале падарам ӯро пеш кард. Худатон як фикр кунед, охир кадом домодшаванда худаш ба хонаи духтардор хостгорӣ меравад? Мебоист Собир калонсолонро ба хонаи волидони шумо хостгорӣ фиристода, тамоми масъалаҳои ба тӯй вобастаро бо воситаи онҳо ҳал мекард ва бо дуои неки падару модар риштаи тақдири худро бо ҳамдигар мепайвастед, вале… Ба ҳар ҳол, ҳанӯз ҳам дер нашудааст, одамони калонсол ва бо обрӯро ба байн дароварда ҳатман аз падару модаратон узри гуноҳи содиркардаатонро талабед. Бигӯед, ки қасдан не, аз рӯйи ҷавонию бетаҷрибагӣ ин корро кардеду имрӯз аз кардаи худ сидқан пушаймон ҳастед. Боварӣ дорем, ки падаратон ҳамчун марди рӯзгордидаю бохирад аз гуноҳи шумо мегузарад. Хушбахт бошед!  

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД