arzon replenishment
ЧЕЧЕНҲО МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО БО КОРД ЧОК КАРДАНД? ШОҲИДОН ЧӢ НАЗАР ДОРАНД?
10593


Субҳи имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоие пайдо шуд, ки аз тамошояш ба тани кас мурғак медамад. Дар навор бадани ба хуну халаф оғӯштаи марде намоён аст, ки чанд ҷойи танашро чок кардаанд. Ба назар чунин мерасад, ки кадом қассоби бераҳме ин марди бечораро ба мисли гӯсфанди қурбонӣ пора-пора кардан мехостааст...

Дар навор ҳамчунин садои гиряи занонае ба гӯши мерасад, ки бо лафзи тоҷикона ба шахсоне, ки чунин бераҳмиро нисбати ин марди бегуноҳ раво дидаанд, лаънат мехонад.

Маълум шуд, ки навори мазкур аз шаҳри Маскав бардошта шуда, дар он як муҳоҷири меҳнатии тоҷик бо исми Шералӣ Ҳакимов тасвир ёфтааст. Шералӣ, ки марди худотарсу боимон ва қории қуръон будааст, аз пушти чанд зани тоҷик бо чаҳор марди чечен баҳс кардааст ва онҳо ӯро чунин бераҳмона ҷазо додаанд.
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, аслан Шералӣ ба ин моҷаро тамоман дахл надошт. Чеченҳо ба ҷустуҷӯи як марди дигар ба биное, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, омада буданд. Ин мӯшзӯрон мехостаанд аз он мард “доля” ситонанд, аммо ӯро пайдо накарда, занҳои дар хона бударо, ки шояд ҳамсар ва хоҳараш бошанд, дашному ҳақоратҳои қабеҳ додаанд.

Шералӣ, ки қории қуръон буд, садои доду фиғонро шунида аз ҳуҷрааш мебарояд ва он чаҳор марди чеченро насиҳат мекунад, ки ба сари занҳои бечора ин қадар ситеза накунанд, чунки чунин рафтор кардан хилофи ислом буда, ба мардуми мусалмон аслан намезебад. Чеченҳо аз панду насиҳатхонии қории қуръон ба ғазаб омада, чоркаса ин муҳоҷири тоҷикро бо шатта зада меафтонанд ва баъдан кордборон мекунанд.

Пайи захмҳои корде, ки чеченҳо ба бадани ин муҳоҷири тоҷик задаанд, чунон чуқур аст, ки бо диданаш кас ба даҳшат меафтад.
Айни замон Шералӣ Ҳакимов дар шӯъбаи эҳёгарии яке аз беморхонаҳои шаҳри Маскав бистарӣ буда, ҳолаташро хеле вазнин арзёбӣ мекунанд.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, аз чаҳор нафар муштзӯре, ки муҳоҷири тоҷикро чунин бераҳмона кордборон карданд, танҳо як нафарашонро пулис дастгир кардааст, се нафари дигар то ҳол дар озодӣ гашту гузор доранд.

Синну соли марди дастгиршуда ба қавли шоҳидони ҳодиса аз 60 боло буда, эҳтимол ӯ низ бе ҷазо бимонад, зеро овоза ҳаст, ки аллакай муҷримро “девона” бароварда, барояш аз беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ ҳуҷҷат тайёр кардаанд.
Ҳаммаслакони марди дастгиршуда бегона не, писарҳояш будаанд ва падар гуноҳро бар дӯши худ гирифта, ҷони бачаҳояшро халос кардан мехоҳад.
Амали бераҳмонае, ки ин чаҳор марди чечен нисбати як муҳоҷири тоҷик раво дидаанд, муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро сахт ба ғазаб овардааст. Як гурӯҳ муҳоҷирон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз президенти Чеченистон Рамзан Кадиров хоҳиш кардаанд, ки ин парвандаро зери назорати худ гирифта, афродеро, ки муҳоҷири тоҷикро бе гуноҳ ин қадар бераҳмона кордборон карданд, ҷазо диҳад.

Бадбахтона, чунин ҳодисаҳо дар қаламрави Русия тез-тез рӯй дода, аксаран бо марги муҳоҷирони меҳнатии тоҷик анҷом меёбанд...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД