Arzon march 2024
Духтарандарам маро аз хона ронд Қисми 1
22.02.2023
Нисо
1611

 

Аҷаб таззодҳое дорад зиндагӣ, фақте раҳматии ҳамсарам ҳафтавори «Оила»- ро мехонд, ман мегуфтам, ки қиссаҳои он ҳама дурўѓанд. Гулсон асабӣ мешуд, вале ором посухам медод, ки ҳама қисмати мардуманд.

Оҳиста-оҳиста ман ҳам ба «Оила»-хонӣ гузаштам, акнун бо ҳамсарам ин ё он маводи навиштаи қаламкашони ҳафтавори шуморо муҳокима мекардем. Ман мазаммат мекардам, онҳоеро, ки қиссаҳои зиндагии хешро расонаӣ месозанд. Ҳеҷ гумон надоштам, ки замоне мерасаду ман ҳам аламҳои зиндагиямро рўйи коѓази сафед навишта, ба суроѓаи ҳафтавори шумо мефиристам…

                             Мизоҷи соҳибҷамол

Ман деҳқонам, дар деҳае, ки ба воя расидаам, хоҷагии деҳқонӣ дорам. Як қисми заминро боѓ кардааму дар як қисми дигараш ѓаллаву сабзавот корида, онро ба бозор бароварда, аз ҳисоби ҳамин зиндагии оилавиямро обод нигоҳ медорам. Зану чор писарам ҳам ёригари ман буданд, баъд писаронамонро зан додему акнун келинҳо ҳам дар хоҷагии деҳқонии мо саҳмашонро мегузоштанд. Писари хурдӣ бо ману ҳамсарам монду писарони дигарро хона сохта, ҷудо кардем. Ман мошини боркаше доштам, ки маҳсулоти замину боѓамонро ба он бор карда, ба бозори ҳамсоя барои фурўш мебурдам. Мизоҷони зиёде доштем, як рўз зани нозанине омада, аз ман помидору бодиринги зиёде харидорӣ намуда рафт. Ростӣ, ман ин гуна нозанинро миёни мизоҷонам вонахўрда будам, қомати баланд, мўйи зарди ҳалвоии то хами зону, чашмони сабз, пӯсти сафеди мармарии бону диламро бурд. Чун одами намозхону худотарс будам, ҳушу ёдамро ҷамъ кардам, ба дил гуфтам, ки ба зани номаҳрам нигоҳ кардану дар бори ў фикр кардан кори номард аст. Ду- се рўз пас нозанин боз пайдо шуд, ў ин дафъа чанд намуд лубиёгӣ гирифт, ман нав халтаҳои харидаашро ба дасташ додам, ки девонаи Холбой пайдо шуда, ўро зери ҳақорат гирифт. Ман аз мошин поён фаромада, зери манаҳи Холбой як мушт зада будам, ки ў хомўш шуд. Холбой-девонаро мешинохтам, гоҳ-гоҳе барояш пул ҳам медодам, ў баъди каме хомўшӣ гуфт:

-Ака, маро назанед, айби худаш.

Холбой аз наздам дур шуду харидори дигар гуфт:

-Гулсон ҳамсари Холбой аст…

Аз шунидани ин сухан дилам дар сина дигар хел такон хўрд.

 

                               Парии осмонӣ

Дигар ҳушу ёди ман буду парии чашмкабуд, ки акнун номашро медонистам, Гулсон. Аммо ў дигар барои харидани сабзавот наомад, чанд рўз пас ба як деҳаи дурдаст пеши устои мошин рафтаму дар бозгашт дидам, ки Гулсон зери офтоби сўзон мошин нигоҳ дорад. Мошинро доштаму ўро ба нишастан даъват кардам, мо салому алек кардем. Гулсон бо ханда ба ман нигариста гуфт:

-Хайрият омадед, вагарна кабоб мешудам,- ва ҷавоби маро мунтазир нашуда илова кард,- як кампири амма дорам, ҳамин ҷо зиндагӣ мекунад, ҳафт сол дар Русия будам, хабаргирияш омадам.

Дар охири ҳамин деҳае, ки мо аз он ба тарафи ноҳия сафар доштем, як ҳавзи моҳигирӣ ва ошхонаи зебое буд, ки он ҷо моҳибирён мефурўхтанд. Ман Гулсонро ба моҳибирёнхўрӣ даъват кардаму ў розӣ шуд. Мо ду се соат сўҳбат кардем ва ман аз ў пурсидам, ки ба ҳамин зебоӣ чӣ гуна тавонист зани Холбой шавад. Ў бо хандаи ширин гуфт:

-Ману Холбой дар як кўча зиндагӣ мекардем, ў девона набуд, варзишгар, зебо ва ҳаваси сад духтар буд. Ман ҳам дўсташ медоштам, падару модарам намехостанд мо хонадор шавем. Вале ҳомиладории мо онҳоро ноилоҷ монду ман ҳамсари Холбой шудам. Ду духтар таваллуд кардам, боре чанд нафар Холбойро зери лату кўб гирифтанд ва баъди ин ў оҳиста-оҳиста девона шуд, гоҳе ҳушаш ба сар ояд, меҳрубон мешавад, гоҳи дигар корду табар мекашад, ки маро бикушад. Як писару як духтар дорам, духтарамро ба апаам гузошта, ҳамроҳи писарам ба Русия мардикорӣ рафтам. Пул равон мекардам, то хонаву дарамро бо ёрии писарони апаам таъмир кардам. Аз дори дунё як апа дорам, падарам модарамро партофту зани дигар гирифт. Модари ман қирѓиз буд, аз алам ба май дода шуд, бероҳагӣ ҳам мекард…

Гулсон духтари Айзада буданашро фаҳмида, боз ҳайрон шудам, зеро ин бону то дами пириву фавт ба фоҳишагӣ машѓул буд…

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД