arzon replenishment
Духтарандарам маро аз хона ронд Қисми 2
23.02.2023
Нисо
1484

                             Аз дўстӣ то ишқ

Акнун ману Гулсон дўстони ҷонӣ шуда мондем, тамоми меваву сабзавоташро таъмин мекардам. Ў хонаам ҳам мерафт, ду се рўз бо зану келинҳоям мураббову шарбат мепухту сабзавотҳоро дар намак мехобонд. Бисёр зани қобил буд, ҳамсарам баъзан бо шӯхӣ мегуфт, ки Гулсонро зани дуввум гир, ҷангаш мекардам.

Дар ин миён Холбой дар дарё ѓарқ шуду баъди додани чилу соли вай Гулсон хост ба Русия равад, вале ман намондамаш. Зеро ин нозанини содадили хубро зиёд дўст медоштам. Бо ризоияти занам ўро зани дуюм кардам. Писараш дур Русия буду зани рус гирифта, парвои модараш надошт, духтараш бошад, маро чашми дидан надошт. Гулсон барои ў дар як гўшаи ҳавлияш хона сохт, зеро Гулбоз аз шавҳараш бо як духтар ҷудо шуда буду ҳаёти бетартибе дошт. Ман як рўз бо Гулсон будаму як рўзи дигар дар хонаи худам бо ҳамсарам. Гулсон зуд-зуд ба хонаи мо меомад, ҳама дўсташ медоштанд. Ман рўзгори Гулсонро таъмин мекардам, аммо дар як ошхона ошпаз шуд. Ҳарчанд пофишорӣ кардам, ки кор накун, вале “ман ба гардани ту бор шуда шинам?” гўён, кор мекард, акнун маоши хуб мегирифту ба худашу хонааш сарф мекард. Духтари бадгарду набераҳояшро, ки акнун се нафар шуда буданд, дастгирӣ мекард, вале…

                    

                                   Мусибат

Вақтҳои охир Гулсон аз саломатияш шикоят мекард, вале ба духтур намерафт. Ман ўро ба зӯр ба пойтахт овардаму ба духтурон нишон додам. Сирози ҷигар, чӣ ташхиси даҳшатноке…

Худамро ба зӯр аз гиря кардан нигоҳ медоштам, вале Гулсон бепарво буд, дар роҳи дароз аз пойтахт то ноҳия фақат зиндагияшро чун навори кино пеши назар оварда, ба ман нақл мекард. Гумон мекардӣ, ки ҳама ѓамҳояш дар гулўяш санг бастаанд, ки овозаш гирифтаву хиррӣ мебаромад. Ба симои нозанину чашмони сабзи зебои маҳзунаш нигариста гуфтам:

-Гулҷон, зиқ нашав, даркор бошад, хонаамро фурўхта, туро табобат мекунам. Мо ду сол бо дарди қаттоли саратони ҷигар мубориза бурдем, вале Гулсони маро ин дард аз пой афтонд. Ман Гулсонро ба обрў ба хок супоридам, на аз духтараш як сари мўй чизе гирифтаму на аз писараш, ки ҳатто ба ҷанозаи модараш наомад.

Гулсонро ба хок супоридему ба хонааш баргаштам, хостам бо духтараш др бораи маъракаҳояш сўҳбат кунам, аммо ў либосҳои маро ҷамъ карда, ба дастам доду бо як лаҳни тунд гуфт:

-Ошиқатон мурд, акнун хонаро холӣ кунед!

Байни мардум замин накафид, ки дароям ва оромона гуфтам:

-Ин ҷо хонаи ман нест, албатта ман меравам, вале модари ту на ошиқ, балки зани ҳалоли ман буд. Мон оби сараш хушк шавад, меравам….

Духтари Гулсон ин дафъа гуфт:

-Агар оби сараш хушк шавад, баъд маро мегирӣ?!

Ман ба ин кўрнамак чизе нагуфтаму хонаеро, ки чандин солҳо бо Гулсони азизам мезистам, тарк кардам. Ин хонаҳои кўҳнаи аёми шӯравиро ман таъмир карда, ҷиҳози нав харида будам, аммо ҳаргиз даъвое надоштам. Танҳо мехостам, маъракаҳои ҳамсарамро диҳам то ақаллан дар гўр осуда бошад.

Ҳама маъракаҳои Гулсонро дар хонаам гузаронидам, сари гўраш санг гузоштам, аммо заҳри забони духтари бероҳаи модарозораш то ҳол хиҷилам медорад.

                                                Бекмуҳаммад, аз ноҳияи Ҷайҳун

                                                                 Таснифи Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД