Arzon march 2024
ҚИССАИ ШАБ: БАХТАМРО СӮХТӢ ПАДАР! (ҚИСМИ 3,ОХИРАШ)
02.12.2021
ДИЛОШӮБ
3675

Баҳои бахти сӯхта

Бо ёрии Гавҳар Назокат дар яке аз мактабҳои беҳтарини пойтахт ба кор шуруъ кард. Саводу малакаи кориашро дида, дар муддати кӯтоҳ ӯро мудири бахши таълимии матаб таъйин намуданд. Ин бонуи оқила дар дилу дидаи мардум ҷо гирифта тамоми ҳастии хешро ба кор бахшид. Муаллими Аслам аввал гумон кард, ки Назокат ягон рӯз баргашта меояд, вале чун дид, ки азми духтараш қатъист, пасандози доштаашро ҷамъ карда барои ӯ дар пойтахт хонаи якҳуҷрагӣ харида дод. Назокат хонаашро таъмир кард, ҷиҳозонид ва ба Рустам раҳмат гуфту ба хонаи худаш кӯчид. Рустам дар дил азм кард, ки моҳи дигар омада аз Назокат хоҳиш мекунад, ки зани дуюмаш шавад, зеро то ҳол ӯро дӯст дорад ҳам, бо сабаби дар хонааш зиндагӣ кардани Назокат ин гапро ба ӯ гуфта наметавонист. Метарсид, ки духтар ин пешниҳоди ӯро ба таври дигар фаҳмида, меранҷад. Акнун, ки Назокат ба хонаи худаш кӯчида, дигар аз ӯ ягон вобастагӣ надошт, Рустам метавонист бо дили пур дасту дили ӯро пурсон шавад, вале…

Фоҷиа

Як рӯзи сарди зимистон Назокат ҳангоми баргаштан аз кор лағжида афтиду сутунмуҳрааш шикаст ва бо ҳамин дигар аз бистар барнахост…. Дар чор моҳи бистарӣ буданаш қатори ҳама азизонаш Рустам низ ҳар ҳафта ба аёдаташ меомаду соатҳо наздаш нишаста бо ӯ суҳбат мекард. Як субҳи баҳорӣ Рустам чун ҳарвақта туҳфаҳои зиёде бардошта ба хабаргирии Назокат омад. Бонуи орзуҳояш аз вай хоҳиши аҷибе кард:

-Рустамҷон, маро ба ағбаи Фахробод намебарӣ? Ҳар гоҳе баҳорон ба пойтахт меомадам, аз дидани даштҳои лолазор дилам ба ваҷд меомад. Рустам аз ҷияни Назокат Холида, ки ӯро нигоҳубин мекард, хоҳиш кард, ки ҳамроҳи холааш ба мошин бишинад. Онҳо ба пуштаҳои аз лола суп-сурхи Фахробод омаданд.

-Рустамҷон, ман безеб шудаам?- Пурсид бо маҳзунӣ Назокат.

-Не, ту ҳоло ҳам хушрӯи деҳаӣ,-Бо ханда гуфт мард ва бори аввал ҷуръат карда дастони Назокатро рӯи каф гирифт.

-Агар чунин аст, пас маро бибӯс, то аз дунё ормонӣ наравам. Ман дар умрам лаззати бӯсаи мардро начашидаам,-пичиррос зад Назокат….

Пас аз се рӯзи ин суҳбат Назокати сӯхтабахт ин оламро падруд гуфт….

                                                                  Дилошӯб

                                       Аз муаллиф:

Ин қисса саргузашти занест, ки ман ӯро аз наздик мешинохтам. Вай ба ман як муддат дарс ҳам додааст. Танҳо номи қаҳрамони марказӣ иваз карда шудааст…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД