Oila Navruz
ҚИСССАИ ШАБ: ҒАЛАБАИ МУҲАББАТ (ҚИСМИ 3)
4431

 –забонашро”-мегуфт. Ҳамагӣ як соат нагузашта, арӯсхона ба мотамхона табдил ёфт.Домоди армонӣ аз  бемории саръ-припадка дар таги чодар вафот кард. Хешу табори арӯс ва ҳатто бисёре аз хешу табори худи домод алъон фаҳмида буданд, ки  домодро бемории саръ се сол боз азият медодааст.
   Хоҳараш  гириста-гириста хабар дод, ки бародараш се сол пеш аз чизе тарсида мубталлои ин беморӣ шудааст. Ва то ин дам табобаташ мекардаанду домуллое, ки дуояш мехондааст, дилпурашон кунондааст, ки баъди никоҳ касал тамоман аз танаш баромада меравад...
   Раъно аз марги шавҳаре, ки барояш ҳатто рӯзе ҳам шавҳарӣ накард, намедонист чӣ кор кунад. Симоӣ кабудшудаи домод бо чашмони калонкушода ҳамеша пеши чашмонаш буданд.Арӯсе, ки ҳамагӣ якрӯз дар хонаи шавҳар буд, чодари сафеди арӯсиро ба чодари сиёҳӣ мотам табдил дода, фардо баъди ҷанозаи домоди номурод бо дидагони гирён хонаи онҳоро тарк кард. Ӯ барои бахти аз даст рафта не, балки барои ҷавонмаргии ҷавони ғурамарг ашк мерехту аз таҳти дил месӯхт...
  Раъно баъди воқеъаи тӯяш  чанд муддат аз хонаашон берун набаромад. Падару бародаронаш дар пайи аз нав ободкунии вай буданд. Вале ӯ қатъиян зид баромада, изҳор дошт, ки дар ягон ҷой мехонаду соҳиби касбе мегардад. Барояш розигӣ додани падар ғайричашмошт буд. Раъно барои хондан озимӣ пойтахт шуд. Ӯ дар хонаи амакаш, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекард, истода, муддати се моҳ дар курси кӯтоҳмуддати забонҳо хонда, каму беш забони англисиро аз худ кард.Баъди ин курси кӯтоҳмуддати компютериро ҳам хонда ба итмом расонду бо роҳнамоии духтари амакаш дар корхонае ба ҳайси котиба ба кор даромад. Раъно маоши гирифтаашро пасандоз мекард, то соҳиби шиносномаи хориҷӣ гардад. Нақшаҳое, ки дар сар дошт, ба ҷӯз худу Худованд касе намедонист. Духтар мехост илоҷе карда ба Руссия раваду Исмоилашро пайдо намояд.
 -Дар Руссия касе, ки забони русиро донад, тамоман азоб намекашад,-гуфт дар рафти сухан рӯзе амакаш,к и ҳамроҳи аҳли оила сари дастархон дар мавриди мушкилотҳои ҳаёти муҳоҷират ҳарф мезаданд.
  Раъно ҳам сари дастархон буду бо сари хам андешамандона суханҳои онҳоро хомӯшона гӯш мекард. Сухани амак ба дили духтар шӯълачаи хирасӯзи умедро алангае бахшид.
“Забони русиро ҳатман меомӯзам!”-қатъӣ қарор дод дар дил.
  Беҳуда намегуфтаанд, ки ;
                         “Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
                         Агар хоре бувад гулдаста гардад”.
Раъно хотири ишқи покаш забони русиро аз худ кард. Фарзандони амакаш байни худ бо забони русӣ ҳарф мезаданд, ки ин барояш “нуран ало нур”-шуд.
Падару модар медиданд, ки духтарашон механдидагӣ шудаасту сояи ғам аз чеҳрааш бардошта шудааст, аз таҳти дил хурсанд мегаштанд. Амакаш бо ҳамсар ӯро “духтари хуб аст”-гуфта таъриф карданашон дили наздикони духтарро пур месохт, ки онҳо аз вай қаноатманд буданд.
Раъно пинҳонӣ аз хешу табор соҳиби шиносномаи хориҷӣ гашта, маблағи чиптаи ҳавопайморо ҳам аз маошаш ҷамъ овард. Ӯ нишонии аниқи дар кадом шаҳри Руссия зиндонӣ будани Исмоилро бо василае фаҳмида, озими он ҷо гашт. Аз хонаи амак бо баҳонаи ба зодрӯзи дугона рафтан як шабонарӯз ҷавоб гирифту вақте ба Руссия рафта расид, занг зада аз асли воқеъа пайвандонро хабардор кард...
 Аввалин кореро, ки баъди аз тайёра берун омадан сомон дод, назди зани зиёинамое рафтанаш буд. Раъно бо забони русӣ бо зан озодона ҳарф зада, худро шиносонду мақсади омаданашро бо ашки шашқатор баён кард.
“Аз дил ба дил раҳест”-гуфтанҳо шояд ҷон доштааст, ё одамони хуб кам ҳам бошанд, новобаста аз миллату маҳзаб вуҷуд доранд,ё Зоти Ҳақ дар дили зани рус, ки худро ба Раъно- Надежда -гуфта шиносонд, раҳму шавқатро андохт, ки суханони  Раъноро дилсӯзона то ба охир шуниду ба духтари мусофир ваъда дод, ки ҳар кор ки аз дасташ биёяд, барои кӯмакаш мекунад. Зан Раъноро бо худ ба хонааш бурд. Он ҷо модари пираш ва писарчаи чорсолааш онҳоро пешвоз гирифтанд. Зан ба модараш кӯтоҳакак дар мавриди Раъно сухан карду модараш ҳам бо як самимият тоҷикдухтари дар талоши бахтро чун фарзанди худ  пазируфт. Муддати чормоҳ Раъно дар хонадони ин одамони нек буд. Модари Надежда –Раиса Петровна оши палови тоҷикӣ, самбӯсаҳои варақӣ ва оши бурридаи Раъноро бисёр таъриф карда, аҳли хонадон сари дастахон аз онҳо бо иштиҳо нӯши ҷон мекарданд.
    Духтари  ташнаи дидори маҳбуб –Раъно дар талоши он буд, ки илоҷе карда, дар зиндон ҳам бошад бо Исмоил вохӯрӣ гузаронад. Нишонии  маҳбасеро, ки пӯшти деворҳои баландаш Исмоил қарор дошт, Надежда пайдо намуду ҳафтае баъд ҳамроҳи Раъно  паси дарвозаи он қарор гирифтанд. 
 Надежда, ки худ адвокат будааст, созгор афтод, ки Раъно бо Исмоил вохурӣ гузаронад. Исмоил маҳбубаи худро дар мулки рус пеши худ дида аз шодӣ гоҳ ашк мерехту гоҳ механдид. Аз маҳбасии ӯ қариб чор сол  сипарӣ шуда буд.            Надежда ба парвандаи ҷиноии ӯ шинос шуда, бори дигар асли воқеъаро аз Исмоил ба тамоми ҷузъиёташ пурсон шуд. Ӯ ба бегуноҳии Исмоил пурра боварӣ кард ва ваъда дод, ки аз зиндон раҳоияш мебахшад.Ва бо ташаббуси ин зани нексират Исмоил дар руйхати авфшудагон дохил шуда, озод гашт.
 Хабари ба Руссия рафтану Исмоилро аз маҳбас берун кашидани Раъно деҳаашонро  такон дод. Амаки Ризо,ки барои халосшавии писар кӯшишҳои зиёд, вале бенатиҷа карда буд,  душманоии чандсоларо фаромӯш карда, бо чашмони гирён чӣ тавр пушти дари ҳавлии амаки Анвар қарор гирифтанашро нафаҳмида монд. Анвар ҳам ӯро паси дарвозаи худ дида,бесухан дарки ҳолаш карду беихтиёр оғӯшаш кашид...
  Муҳаббат оташи чандинсолаи ҷаҳолатро хомӯш сохт. Муҳаббат бар разолат ғалаба кард. Ва ин ғалабаро ишқи поки Раънову Исмоил поягузор гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД