sebiston july new
Келин кампири якдастаро гулом кард
3530
Ин зани кайҳо ба сараш барфи пири боридаро чабри келин ба назди ҳуқуқшиносони ин марказ бурдааст. Вай бо оби дида саргузашти талхашро накл карда, ҳар замон оҳи сард мекашид.

 

Сарнавишти талхи як кампири бе даст, ки аз зулми  зани шаттоҳи писараш дар хонаи худ рӯз надорад

Ман бо Ҳанифахола дар яке аз марказҳои ёрии ҳуқуқии шаҳри Душанбе вохӯрдам. Ин зани кайҳо ба сараш барфи пирӣ боридаро ҷабри келин ба назди ҳуқуқшиносони ин марказ бурдааст. Вай бо оби дида саргузашти талхашро нақл карда, ҳар замон оҳи сард мекашид. Саргузашти талхи ин занро шунида, кас ба ҳайрат меафтад, ки наход инсон нисбати хушдоман, ки мисли модар аст, то ҳамин дараҷа зулму бераҳмӣ намояд.

Инак, қиссаи зиндагии ин модари тоҷикро, ки аз дасти келин дар хонаи худаш рӯз надорад, пешкаши хонандагони азиз мегардонем. Ягона чизе, ки мо дар ин қисса иваз кардаем, ин номи қаҳрамон аст, дигар ҳама ҳақиқат буда, аз забони худи Ҳанифахола рӯи коғаз омадаанд.

Кӯдаки якдаста

Бо амри тақдир мани бадбахт аз модар якдаста ба дунё омадаам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, баъди тавлиди ман падарам “кӯдаки инвалид зоидӣ” гуфа, талоқи модарамро медиҳад. Очаи бечораам мани мазлумро бо сад ранҷу азоб ба танҳоӣ ба воя расонд. Худованд маро аз як даст маҳрум намуда бошад ҳам, духтари танбал ва нокора набудам. Бо як даст тамоми кору бори хонаро мекардам, бар замми ин, баъзан ҳунармандӣ карда, куртаю поҷома медӯхтам...

Бахте, ки дер напоид

Ба хотири камбудии модарзодиам дертар ба шавҳар баромадам. Вақте ки писарам ба дунё омад, мани аз зиндагӣ наосуда аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам. Худоро сад бор шукр мегуфтам, ки дер бошад ҳам, мани мазлумро соҳиби хонаву дари обод ва фарзанд гардонд, аммо бахтам дер напоид. Писарчаам ҳанӯз яксола нашуда, шавҳарам зани дигар гирифт ва моро тарк намуд. Маҷруҳ бошам ҳам, бар рағми номардии шавҳару қисмат миёнамро маҳкам баста, ба кор баромадам, то ки фарзандам хору зор нашавад. Якдаста кори давлат карда, писарамро мехӯрондам, мепӯшондам, мехонондам, ба умеде, ки дар пирӣ дар сояи давлати ӯ осоям, аммо...

Бачаи кордон

Мо дар яке аз ноҳияҳои наздики шаҳр зиндагӣ мекардем ва писарам аз Душанбе маҳсулоти гуногуни рӯзгор оварда, дар деҳаҳои гирду атроф савдо мекард. Дар телефонаш занг бисёр меомад, вале аз он ки савдогар буд ва мардум ба ӯ аз шаҳр овардани ин ё он чизро фармоиш медоданд, чандон аҳмият намедодам.

Духтари хира

Вақтҳои охир писарам соатҳои дароз бо касе телефонӣ суҳбат мекард ва ким-чихел хаёливу гаранг менамуд. Як бегоҳ дар сари дастурхон сабаби хотирпарешониашро пурсон шудам. Вай нигоҳашро аз ман гурезонда гуфт:

-Очаҷон, чанд вақт пеш як духтарак ҳамроҳи янгааш аз ман бор хариданд. Шӯхӣ карда ба янгааш гуфтам, ки ҳамин қайсингилатро ба ман намедиҳӣ. Росташро гӯям, ман ягон дилу нияти ҷиддӣ надоштам, фақат мисли дигар бачаҳо як гап партофтам. Акнун ҳар рӯз он духтар ба ман занг мезанад, ки кай хостгор мефиристӣ. Сад бор гуфтам, ки шӯхӣ кардам, ман ҳоло зангир нестам, имконияти тӯйкунӣ надорем, лекин ин духтар бисёр хира будааст. “Дар назди янгаам ба ман гап дода, номамро бад кардӣ, акнун хоҳӣ-нахоҳӣ, маро ба занӣ мегирӣ” гуфта истодааст...

Табассум карда гуфтам:

-Эҳ бачаи сода, модарат якдаста бошад ҳам, беномус нест. Худи пагоҳ ба хонаашон хостгорӣ рафта, он духтарро ба ту гирифта медиҳам...

 

Хостгорӣ ва тӯй

Хулласи калом, бо дасту дастархонҳои пур ба хонаашон хостгорӣ рафтем. Падару модараш маътали ишорат будаанд, не нагуфта, дарҳол духтарашонро бароварда доданд. Рӯзе, ки ба писарам арӯс фотиҳа кардам, мани маҷруҳ аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам. Умед доштам, ки келин дастамро сабук карда, минбаъд ба мани бе духтар духтар мешавад, аммо хаёлам хом баромад...

 


Гоҳо ба хотири ба даст гирифтани лаҷоми ҳамсар мард ё зан ба зӯроварӣ ва ё нозу нуз сар карда, зиндагии оилавиро мисли заҳр талх месозад. Ин санҷишнома имкон медиҳад, ки шумо то кадом андоза дар оила “деспот” будани худро муайян созед.

 


Арӯси хоболуд

Аз рӯзи ба хонаам қадам гузоштанаш келин дасташро ба ягон кору бори хона намезад. Арӯсаки дурӯза ба ҷойи он ки субҳи содиқ аз хоб хеста хонаву ҳавлӣ рӯбад ва барои аҳли оила наҳорӣ тайёр кунад, то қиёми рӯз хоб мерафт ва баъди он ки офтоб ба миёнаи осмон расид, чашмонашро молида-молида, аз хонаи хобаш мебаромад. Келину писарам ҳоло шаҳу арӯси наванд, бигзор аз ҳамдигар сер шаванд гуфта, мани сода пишаки ӯро пишт намегуфтам ва тамоми кору бори хонаро худам мекардам. Писарам барои ноқобилиаш ягон чиз гӯяд, тарафи келинамро мегирифтам, ки ҳоло ҷавон аст ва роҳу равиши хонаи моро намедонад. Умедвор будам, ки оҳиста-оҳиста келин тарзи зиндагидориро ёд гирифта, дастёри беминнати ман мешавад, аммо...

Шаҳрӣ шудем, вале...

Тавре ки гуфтам, мо аз шаҳр берун зиндагӣ мекардем ва писарам барои бор ба Душанбе рафта, баъзан нимаҳои шаб ба хона бармегашт. Барои он ки фарзандам азоб накашад, ҳавлиро фурӯхта, аз ноҳияи Шоҳмансури пойтахт хона харидам. Зиндагӣ дар шаҳр нисбати деҳа хеле осонтар аст, вале дар манзили нав низ келин дасташро ба оби сард назада, танҳо бо орову торо додани худаш овора буд. Як- ду бор ӯро насиҳат карда, ба балои бад гирифтор шудам. Келини шаттоҳам “очаи ту шӯ надорад, барои ҳамин рашк мекунад” гӯён, маро дар назди писарам бад мекард. Писарам дар умраш ба рӯйи ман сахт нигоҳ накарда буд, вале баъди ба шаҳр кӯчиданамон бо васвасаи занаш ба сари ман дод мезадагӣ шуда монд...

Балои ҷони хушдоман

Дар хонаи худам мани якдаста ғуломи келини шаттоҳ шуда мондам.   Ба ҷойи он ки ягон таоми бомаза пухта дар наздам гузорад, келини худозадаам “беваи якдаста, чида хӯрок напухтӣ” гуфта, мудом ба сари ман ардаба мекард ва ҳатто маро заданӣ мешуд. Азбаски музлим ҳастам, аз дӯғу пӯписаи келин дилам даррав ба ларза медаромад. Метарсидам, ки маро зада мекушад, зеро бо як даст ман худро аз келинам, ки мисли деви дупо бузбала буда, қариб 100 кило вазн дошт, муҳофизат карда наметавонистам. Келини беинсофу беимонам чанд бор маро дар девор пахш карда, гулӯямро буғӣ кард, агар ҳамсояҳо ба додам намерасиданд, яқин он худобехабар маро мекушт...

Писар, ки зан гирифт, модар “киха” мешудааст

Аз байн чанд вақт гузашту келинам ҳомиладор шуд. Гумон доштам, ки акнун одам мешавад, вале рафтори ин ҷавонзани беандеша рӯз то рӯз бадтар мешуду беҳтар не. Акнун бо баҳонаи ҳомиладорӣ дар сари бачаи бечораам чормағз шикаста, “дилам ин мекашад, он мекашад” гӯён, талаб мекард, ки барояш хӯроку шириниҳои ранг ба ранг орад. Чизҳои бомазаи харидаашонро зану шавҳар ҳамеша дар хонаи хоби худашон аз ман пинҳонӣ мехӯрданд. Албатта аламам меомад, ки бо хуни ҷигар писар калон кардаму қадри як бурида гӯшт ё як пора шоколадро надорам, вале сир бой надода, дамам дар дарун хомӯш мегаштам...

(Давомашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД