sebiston july new
Маҳбубаам моиндарам шуду… Қисми 1
31.01.2023
Дилошӯб
2373

Ишқ аз нигоҳи аввал

Мо дар оила ду нафар писар будем, падари тоҷир ва модари омӯзгорамон моро хеле хуб тарбия намуда, ба воя расонидаанд. Акаам баъди хатми мактаб ба Амрико рафта, ҳаёти он ҷоро пазируфт ҳамон ҷо монд. Падару модарам ба хотири бегона нашудани писарашон духтари аммаамро аз Тоҷикистон гирифта, ба Амрико рафтанду он ҷо тӯяке ороста, онҳоро ҳамхона карданд. Ман донишгоҳро хатм карда бошам ҳам, ҳамроҳи падарам ба тиҷорат машғул будам, модарам бо маълумоти олии омӯзгорӣ хонашин буд ва Худоро зора мекард, ки барояш келинаки чаққону зебоеро лоиқ донад. Падарам чандин мағозаҳои либосҳои занона дошт, вазифаи ӯ овардани бор аз хориҷа, вазифаи ман бошад, тақсими он дар мағозаҳо ва назорат аз рӯи кори фурӯшандаҳо буд. Як рӯз дар яке аз мағозаҳои падарам бо духтараке вохӯрдам, ки барои харидани палто омада буд, ӯ пули кам дошту фурӯшанда бошад, нархро паст карданӣ набуд. Ман нигоҳи илтиҷоомези ӯро ба фурӯшанда дида, наздашон рафта, палторо аз нархи гуфтаи духтарак ҳам арзон карда, ба ӯ додам ва оҳиста аз қафояш ба берун баромадам. Ӯ хеле зебо буд ва табассуми қаноатмандонае, ки гирди лабонаш сайр мекард, дар назарҳо мисли парӣ ҷилвааш медод. Духтарак мехост ба мусофирбар нишинад, вале ман пешдастӣ карда, мошинамро наздаш нигоҳ доштам, не нагуфта, савор шуд… Чун чашмонам аз оина ба чашмонаш афтоданд, сарашро хам карда гуфт:

-Раҳмат акаҷон, як соли дароз падарамро зорӣ кардам, ӯ дар Русия мардикор аст ва пул фиристод, вале кам. Агар шумо намебудед, он савдогари мумсик нархро кам намекард.

-Аввал ин ки маро ака нагӯй, зеро аз як нигоҳ ба ман писанд афтодӣ, ҳоло ман рақами телефонамро ба ту медиҳам, чизе лозим шуд, телефон кун, мо чанд мағозаи либосҳои занона дорем…

                          Нозанини чизпараст

Аз ҳамон рӯз сар карда, мо бо Зарнигор зуд-зуд вомехӯрдем, духтар аз оилаи серфарзанди камбағале буду дар коллеҷи тиббӣ таҳсил мекард. Инро ба инобат гирифта, ман ба ӯ ёрии зиёде мекардам, зеро Зарнигорро аз ҷон зиёдтар дӯст медоштаму мехостам бо ӯ хонадор шавам. Маҳбубаам як хислати бад дошт, аз ҳад зиёд чизпараст буд, азбаски дӯсташ медоштам, ҳама нозашро мебардоштам. Дар як муддати кӯтоҳ Зарнигор аз як духтараки оддӣ ба маликаи хушлибоси ҳусн табдил ёфт. Ман маҳбубаамро эрка мекардам, вале ҳар гоҳе аз хонадоршавӣ гап мекушодам, ӯ абрӯвони камонашро дарҳам кашида мегуфт:

-Шаҳболҷон, ҳоло мо кӯдакем, ман нуздаҳ, ту бошӣ, бисту се сол дорӣ. Танҳо баъди се сол хонадор мешавем, ман дипломамро мегираму баъд ту хостгоронатро мефиристӣ… Зарнигор қариб ҳар моҳ ба мағозаҳои мо рафта, барои худаш бе пул либос мегирифт, ӯ худро аллакай хӯҷаини мутлақи дӯконҳои мо медонисту фурӯшандаҳоро назараш намегирифт. Модарам аз дили ман бехабар ҳар рӯз як духтарро ба ман нишон дода, фикрамро фаҳмиданӣ мешуд, ман ба модарам ваъда додам, ки маҳбубаамро ба ӯ шинос мекунам, вале….

                          Амри падар

Як шаб падарам то дер бо ман сӯҳбат карда гуфт:

- Бачаҷон, умри ман аз панҷоҳ гузашт, бародарат аз Амрико баргаштанӣ нест, аз ин рӯ, ман бояд туро ин сафар ҳамроҳ гирам то нозукиҳои тиҷоратро омӯзӣ…

Ман ба Зарнигор занг зада вазъиятро фаҳмондам, ӯ хурсандона чанд фармоиш аз қабили овардани сумкаю пойафзол ва атрро карду роҳи сафедам орзу намуд.

Аммо рӯзи парвоз падарам бемор шуду ман ҳамроҳи рафиқонаш ба сафар баромадам, ҳарчанд борҳо ба хориҷа рафта бошам ҳам, ҳеҷ гоҳ ба мақсади овардани бор, яъне кор нарафта будам.

Хушбахтона, сафари 15-рӯзаи ман хеле бобарор анҷом ёфту падарам низ аз кордонии ман хурсанд шуданд.

Пас аз бозгашт ман ба Зарнигор занг задам, телефонаш хомӯш буд, ба ҷустӯҷӯяш ба коллеҷ рафтам, гуфтанд, ки се рӯз боз ба дарс намеояд. Азбаски дар куҷо будани хонаашонро намедонистам, ҳайрон будам, ки ӯро аз куҷо ҷӯям, вале пас аз як ҳафтаи бесару сомониҳо дар телефонам аз рақами ношиносе паёмак омад, бо чунин маъно:

-Шаҳболҷон, миёни мову ту ҳар чӣ буд гузашт, падарам аз муносибатҳои ману ту хабардор шуда, маро зӯран ба Русия овард. Имрӯз маро никоҳ карда, ба писари аммаам, ки шаҳрванди Руссия аст додаанд, маро бубахш, илоҳо хушбахт шавӣ!

 

Ростӣ, на гиристанамро медонистаму на хандиданамро….

Ғаму шодӣ

Ду моҳ на хоб доштаму на лаззати хӯрокро мефаҳмидам, модарам ҳолати маро дида, хуни ҷигар мехӯрд, вале чун вазъиятро аз забони ман шунид, андешамандона гуфт:

-Писарам, ӯ туро дӯст намедоштааст, эҳа агар одам дӯст дорад…

Оҳиста-оҳиста ба худ омадаму Зарнигори бевафоро фаромӯш кардам, акнун падарам ба корҳои мағозаҳо назорат мекарду ман бошам, барои бор мерафтам.

Пас аз як сол модарам ба орзуяш расиду духтари хушкардаашро тӯй карда, келин фаровард. Шаҳнози дидадарою олуфта ва ба дасту панҷа дар муддати кӯтоҳ дили ману аҳли оилаамонро ёфт, ӯ чунон ширинсухан буд, ки мехостам чун қатраи об фурӯяш барам. Баръакси Зарнигор умуман чизпарасту нодида набуд, ман зери сояи меҳри ҳамсарам маҳбубаамро фаромӯш кардам, дар дил ӯро хатои ҷавонӣ меномидам. Пас аз якуним соли тӯямон Шаҳноз бароям писар таваллуд карда, сарамро ба осмон расонд, вале дарди беамони саратони мағзи сар модари азизамро аз пой афтонду шодиамон олудаи ғам гашт.

Давом дорад.                      

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД