formula
Монед, ки ором зиндагӣ кунем
1495

Ассалому алейкум, хонандагони муҳтарам. Ман барои навиштани ин нома маҷбур шудам ва ба шумо муроҷаит дорам.

Зани дуюми ман хонандаи доимии “Оила” аст ва аз ҳар чизе, ки аз ин ҷо мехонад, ба худаш панде мегирад. Вале, баъзан дар зери маводҳо занҳои дуюм таҳқир мешаванду нисбат ба онҳо хонандагон носазо мегӯянд.

Илтимос, шореҳон нисбат ба занҳои дуюм гапҳои номақбул нанависед, чунки барои шавҳар ҳамааш зан аст. Масалан, ман ҳарду занамро як хел парасторӣ мекунам аз рӯйи шариат. Аммо, ӯ вақте мехонад, ки нисбат ба палонҷҳо ягон кас гапи бад навиштааст, зиқ мешавад.

Пӯшида нест, ки имрӯз дар кишвари мо 80 фоизи мардҳо зани дуюм доранд. Барои ҳамин онҳоро бо шарҳҳои бемаъниатон бо шавҳарони худ ҷанг наандозед ва монед, ки орому хушбахт зиндагӣ кунем.

Бо эхтиром

Эмом, хонандаи доимии шумо

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД