Arzon march 2024
Муҳоҷири тоҷик марди русро аз марг наҷот дод
629


Ҳабиб, як ҷавони муҳоҷири тоҷик, ки аз маҳаллаи 65- уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе будааст, як марди русро аз марг наҷот додааст.

Дар навори видеоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, дида мешавад, ки чи тавр марди рус дар дохили супермаркет якбора болои фарш меафтад. Дар ҳамон лаҳза ҷавоне ба ӯ наздик шуда, талоши кӯмак кардан менамояд.

Ин ҳодиса дар Супермаркети Евроспар, ки дар “Китай город”-и шаҳри Маскав қарор дорад, рӯй дода, дар дурбинҳо сабт шудааст.

Вақте Ҳабиб мебинад, ки марди рус якбора ба болои фарш афтид, дар лаҳзаҳои аввал ба ӯ ёрии аввалини тиббӣ мерасонад. Дар ин кор чанд нафари дигар ба вай кӯмак мекунанд.

Табибони “Ёри таъҷилӣ” вақте ба ҷои ҳодиса расида ба расонидани кӯмаки касбӣ сар мекунанд, мегӯянд, ки агар ба ин мард ҳамон ҷавон сари вақт ёрии аввалини тиббӣ намерасонд, эҳтимоли зиёд вуҷуд дошт, ки мард вафот кунад.

Амалҳои ҷавонмардонаи муҳоҷирон, махсусан ҷавонони тоҷик дар шаҳрҳои Русия зуд –зуд расонаӣ мешаванд, ки дар аксари ҳолат онҳоро бо ифтихорнома ва сипосномаҳои мақомоти дахлдори Русия сарфароз мегардонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД