new banner new years
Муҳоҷиронро ба таври фаврӣ аз Россия “депортация” мекунанд
936


Минбаъд муҳоҷирони меҳнатиро метавонанд барои хурдтарин ҳуқуқвайронкунӣ аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ намоянд.

Ин тасмими нави президенти Россия Владимир Путин мебошад, ки ҳуқуқи ироҷи шаҳрвандони хориҷиро ба Вазорати корҳои дохилии кишвараш вогузор намудааст...
Қаблан шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми содир намудани ҷиноятҳои вазнин аз қабили куштору содироти маводи нашъаовар ё бо сабаби эҷод намудани хатар ба бехатарии миллии Россия тариқи судҳо аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ карда мешуданд, вале...
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ҳуқуқи ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатиро ҳамакнун ба ниҳодҳои тобеъи Вазорати корҳои дохилӣ супурдааст. Тавре ки sib.fm дар такя ба иттилоъи “ДМС-мигрант.рф» навиштааст, кормандони пулис мисли судяҳо бо муҳоҷирони меҳнатие, ки қонунҳои Россияро вайрон мекунанд “холабозӣ” карда намешинанд. Минбаъд натанҳо барои содир намудани ҷиноятҳои ванин аз қабили нашъаҷаллобию куштор ва пайвастан бо гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, балки барои ҳуқуқвайронкуниҳои кӯчак низ шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи Вазорати корҳои дохилии Россия ба таври фаврӣ “депортация” карда мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки натанҳо муҳоҷирони меҳнатӣ, балки шахсони шаҳрвандии Федератсияи Россия доштаро низ барои ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, новобаста ба дараҷаи вазнинии ҷиноят аз қаламрави кишвар ихроҷ карда метавонанд.
Дар хабар омадааст, ки хурдтарин хато ё гуноҳ метавонад боиси ихроҷ гаштани шахс аз қаламрави Федератсияи Россия гардад.
Масъалаи раванди ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави Федератсияи Россия дар Қонуни Федералии Россия таҳти № 115 ба таври возеҳ нишон дода шудааст. Қонуни мазкур пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатие,ки ба таври ғайриқонунӣ дар қаламрави Россия кору зиндагӣ мекунанд ва ҳамчунин ба шахсоне дахл дорад, ки шиносномаи Россияро дошта бошанд ҳам, даст ба ҷиноят мезананд, фарқ надорад, ки ҷиноят то кадом андоза хавфнок аст.
Вуруди шахсони ихроҷшударо ба қаламрави Федератсияи Россия метавонанд барои чанд сол ё якумра манъ намоянд.
Путин дасти кормандони вазорати корҳои долихии Россияро дар масъалаи “депортация” боз намуда, таъкид кардааст, ки махсусан нисбати шахсоне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ иғво ангехта, мехоҳанд интернетро барои барангехтани низоъи динӣ ё миллӣ истифода баранд, чораҳои фаврӣ андешанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД