arzon replenishment
Қотили Муҳаммадҷон беҷазо монд ё....?
4136

Боз як муҳоҷири тоҷик дар Русия бераҳмона кушта шуд.
Ҳодисаи ба қатл расонидани ин муҳоҷири ғурамарг дирӯз дар шаҳри Истраи вилояти Москав рух додааст.

Як нафар муҳоҷири тоҷик бо исми Салимҷони Ансорӣ дар саҳифаи шахсии худ дар Фейсбук навиштааст, ки ин ҷавон Муҳаммадҷон ном дошта, ҳамагӣ 20 сол дошт ва дирӯз аз тарафи гурӯҳи муҳоҷирони қирғиз дар пушти дари иҷорааш бераҳмона ба қатл расонида шуд.
Аз сар задани ҳодиса аввавлиншуда бародари марҳум бохабар гардида, ба пулиси маҳаллии шаҳри Истра хабар додааст ва гуфтааст, ки ҷавонони қирғиз, ки бо бародарашон дар як коргоҳ кор мекарданд, байнашон нофаҳми рух дода, онҳо як ба як бо ҳам ҷанг мекунанд ва ҷавони мағлубшудаи ғирғиз ҳамроҳи як гурӯҳ қирғизон ба иҷораи онҳо мисли авбош ҳамла намуда, дар пеши ҳамсояҳо ба дили бародараш кордборон карда, аз ҷои ҳодиса фирор намуданд.
Як нофаҳмии кӯчак байни Муҳаммадҷон ва ҷавони қирғиз сар зада буд, ки муносибати дӯстии онҳоро то ба кордкашӣ оварда расонид, гуфтааст Салимҷон Ансорӣ дар матлабаш.


Фаридун: Агар падарам барнагардад, худамро мекушам!


Бояд қайд кард, ки Муҳаммадҷон соли таваллудаш 2000-ум буда, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон мебошад. Ҷасади мақтул дар яке аз моргҳои шаҳри Маскав қарор дорад ва наздикони ин муҳоҷири ғурамарг аз тамоми ҳамватанони мо хоҳиш доранд, ки барои интиқоли ҷасад ба мушкилоташон расидагӣ намоянд.
Рақами корт: 5469400021455220
Телефон: +79264409595


ҶАСАДИ СӮХТАИ ТОҶИК ДАР САНКТ-ПЕТЕРБУРГ


 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД