Arzon march 2024
Муҳоҷири тоҷик худашро аз ошёнаи 6 партофт ё касе барқасд кушт?
5471

Шоми имрӯз тобути боз як ҷавони тоҷикро аз вилояти Якутияи Русия ба Тоҷикистон меоранд...

Шаби гузашта дар шаҳри Мирный ҳодисаи нохуше ба амал омада, боиси марги як ҷавони муҳоҷири тоҷик бо исми Исмоил Розиқов гаштааст. Тавре ки Муҳамммад Абдулло, як корбари фаьоли Фейсбук дар сӯҳбат бо хабарнигори сомонаи Оила. ТҶ гуфт:
-Исмоил Розиков зодаи ноҳияи Восеъи Вилояти Хатлон буда, зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ дар шаҳри Мирный аз ошёнаи шашум афтида, дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки ин муҳоҷири тоҷик тасодуфан аз ошёнаи шашум афтидааст, қасдан худро аз баландӣ партофт ё душманонаш ӯро бо ҳамин роҳ ба ҳалокат расонида, аз ҷавобгарӣ дар амон мондан мехоҳанд, вале кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Якутия аз пайи таҳқиқи сабабҳои марги Исмоил Розиқов ҳастанд ва умедворем, ки ҳақиқатро рӯйи об мебароранд.


Ба гуфтаи Сафарбек ин амали дасти тоссарҳои рус буда, ҷиноят тахминан соатҳои 12-и шаби гузашта дар шаҳри Люберции вилояти Москав сурат гирифтааст.


Муҳоҷирони бо нангу номуси тоҷик, ки дар Якутия кору зиндагӣ мекунанд, барои интиқоли ҷасади ин ҷавони ноком ба Ватан пул ҷамъ карда истодаанд. Интизор меравад, ки тобути ин ҷавони восеъгӣ шоми имрӯз бо тайёра ба шаҳри Душанбе оварда шуда, пасон ба зодгоҳаш фиристода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД