Arzon march 2024
Бахтовар муҳоҷир: Кош бо зани рус ҳамхоба намешудам!
9179


Ҷавонам, нав ба синни 26 қадам гузоштааму мурдан намехоҳам, вале деви аҷал аз гиребонам маҳкам доштааст. Шояд ин нигошта номаи охиринам гардад.

Тамоми қувватамро ҷамъ карда ин сатрҳоро менависам, то дигар ҷавонон монанди ман гумроҳ нашаванд.

Бахтовар ном дораму зодаи ноҳияи Панҷ мебошам. Пас аз хатми мактаб мисли дигар ҳамдеҳагонам озими Россия гаштам. Аз падар нозукиҳои устогиро омӯхта будам ва умед доштам, ки пули калон кор карда меоям. Як ҳамдеҳаамон маро ба бӯстонсарое мардикорӣ бурд. Вазифаам дар бӯстонсаро аслан посбонӣ буд, вале вақтҳои бекорӣ ба нигоҳубини дарахтон низ машғул мешудам. Соҳиби бӯстонсаро ҳамеша ба рафторам аҳамият медодааст, меҳнатдӯстиам ба ин мард маъқул шуда аз миёнарав дар бораи ман маълумот мегирад. Маҳорати устогӣ доштанамро фаҳмида хоҳиш кард, ки ошхонаашро обод кунам. Тамоми масолеҳи сохтмонӣ ва асбоб барои кор кардан муҳайё буд. Дар муддати як моҳ болои ошхонаро пӯшондам ва андоваю пардоз кардаму дару тирезаҳоро часпондам. Соҳиби бӯстонсарой хурсанд шуда, маошамро баланд кард ва маблағи иловагӣ ҳам дод. Бо талқини ҳамин марди нек забони русиро омӯхтам. Рӯзе духтараки руси 18-19-солае наздам омад. Шинос шудем. Духтари хубе будааст, маданияти баландаш маро мафтун намуд. Муносибатамон хуб буд, то вақте ки ба дискотета рафтем. Аҳмақӣ карда дар он ҷо шароб нӯшидам. Духтарак аз шаробнӯшиам хафа шуда рафт. Сари кахр бо духтари дигаре шинос шудам. Пули зиёде дар кисаам буд, ҳамаи пулҳоямро ба сараш пошида, худро Ҳотами той нишон додаам.


Салима Ҳалимова чанде қабл дари идораи Оиларо кӯфта, аз рӯзгори вазнинаш шиква карда буд.


Духтар сайди муфт ба дом афтодаро аз даст додан нахоста маро ба хонааш бурд. Шабро бо ҳамон духтари маст саҳар карда ба қавле маззахӯрак шуда мондам. Се моҳ бо ӯ вохӯрдаму ҷазоямро дидам. Саломатиам бад шудан гирифт. Пешобам чунон бо сӯзиш меомад, ки хаёл мекардам ҳамин ҳоло мемурам. Ба духтур рафтам. Ташхис нишон дод, ки дар организмам нишонаҳои ВИЧ пайдо шудааст. Дунё дар назарам торикистон шуд. Духтур бо кӣ муносибати маҳрамона доштанамро пурсид. Ном ва нишонии духтарро гуфтам. Ташхисаш намуданд. Маълум шуд, ки вай кайҳо мубталои ВИЧ будааст.
Бо азобе ба Тоҷикистон омадам. Аз як тараф беморию аз ҷониби дигар бори шармандагӣ маро дарун ба дарун сӯхта нобуд карда истодааст. Намедонам сарамро чӣ хел дар байни ҳамсояҳо ва хешу табор бардорам.
Аз ҷавононе, ки мисли ман азми сафари Русия доранд, хоҳиш мекунам, ки ҳатман дар Марказҳои махсусе, ки барои муҳоҷирон ташкил ёфтаанд, забон омӯзанд ва дар кишвари бегона аз шиносоӣ бо духтарон худдорӣ намоянд!
Бахтовари бе бахт аз ноҳияи Панҷ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД