formula
12 рӯз боз дар фурудгоҳ хобем. Кӣ ба доди мо мерасад?
2918


Аллакай 12 рӯз мешавад, ки зиёда аз дусад шаҳрванди Тоҷикистон маҷбуран дар фурӯдгоҳи Домодедовои Маскав зиндагӣ мекунанд. Бо вуҷуди мавҷудияти чиптаҳо онҳо наметавонанд ба ватан баргарданд.

Чаҳор рӯзи аввал муҳоҷирони тоҷик дар фурудгоҳи Жуковский буданд. Танҳо дар рӯзи панҷум, намояндагони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ваъда доданд, ки тавассути ҳавопаймо аз фурӯдгоҳи Домодедово ба ватан интиқолашон медиҳанд. Мусофирон бо умед ба Домодедова рафтанд, аммо то ҳол ба ватан баргашта натавонистанд. Дар фурӯдгоҳи Домодедово муҳоҷирон дар ҳолати хеле бад қарор доранд.Онҳо шабро дар болои курсиҳо ва фарши толори интизорӣ рӯз мекунанд. Сафорати Тоҷикистон хомӯш аст ва ягон чораи зарурӣ намебинад. 

Нафарони ихтиёрӣ ва ҳамватанони муқими Маскав онҳоро бо хӯрок ва об таъмин карда истодаанд. Як муҳоҷири тоҷик бо номи Воҳид Расулов мегӯяд, ки ӯ ва рафиқонаш хушҳоланд, ки пулҳои чиптаи харидаашонро ба онҳо баргардонданд, аммо ба онҳо иҷозаи дубора ворид шудан ба шаҳрро надода истодаанд, чунки муҳлати ҳуҷҷатҳои онҳо аллакай тамом шудааст.
"Барои барқарор кардани ҳуҷҷатҳо ба мо ҳадди аққал ду ҳафта лозим аст. Маблағи чипта барои ҳуҷҷат кардан ва хӯрока харидан камӣ мекунад." - мегӯяд ӯ.

“Моро аз инҷо пеш намекунанд, барои ин ҳам шукр”, шаҳр дод яке аз мусофирони дар фурудгоҳ дармонда. Аксарияти муҳоҷирон аз ҷорӣ кардани соати комендантӣ ва карантини пурра дар ҳаросанд, дар ин ҳолат онҳо метавонанд дар кӯча бидуни мақоми ҳуқуқӣ бошанд ва ба ихтилофот бо полиси Маскав рӯ ба рӯ шаванд.

Манбаъ "Озодӣ"

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД