formula
БОЗ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ ҶОН БОХТ
31.10.2020
Р. Азимӣ
1389


Ҳодисаи фоҷеабор бо муҳоҷири тоҷикистонӣ дар майдони сохтмоние дар ноҳияи Муринои Санкт-Петербург рух додааст.

Дар сохтмоне дар Мурино як коргар дар натиҷаи сарозер шудани маснуоти оҳуну бетонӣ ҳалок шуд, хабар медиҳад вебгоҳи 78.ru дар истинод ба манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Ҳодиса дар шаҳраки Металлострой тақрибан соатҳои 12-и рӯзи 23 октябр рух додааст.

Тавре расонаҳои Петербург гузориш медиҳанд, ба болои коргаре, ки ба ҷамъоварии партов машғул будааст, маснуоти оҳуниву бетонӣ сарозер шудааст.
Ҳарчанд расонаҳо аз ҳувияти марди тоҷикистонӣ чизе наменависанд, гуфта мешавад, ӯ 40 сол доштааст.

Танҳо маълум аст, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон соли гузашта барои кор вуруди Русия шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД