Sebiston new 2024 october
Майсара: Аз шавҳаркобӣ кафшҳоям ғалбер гаштанд
3299

 

Кафшҳои ҷавонзани зебову боиффату меҳрубони тоҷик Муяссара Ғаниева аз шавҳаркобӣ ғалбер гаштаанд, аммо то ҳол умедашро аз дубора ба даст овардани бахти гумгашта аз даст надодааст.

Шавҳари Муяссара Тоҳирҷон Неъматови 55-сола зодаи шаҳри Конибодоми Вилояти Суғд буда, аз соли 2007 инҷониб бедарак аст.

Муяссара соли 1998 ба Тоҳирҷон ба шавҳар баромадааст. Дар оғоз зиндагиашон бисёр хуб ва мисли асал ширин буд, аммо баъди чанде мушкилиҳо онҳоро пайгир шуданд. Зану шавҳари ҷавон маслиҳат карданд, ки ба хотири беҳдошти шароити зиндагии худу фарзандонашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.

Ҳамсарон аз як гиребон сар бароварда дар шаҳри Оренбурги Русия аз таҳти дил кор мекарданд ва маблағи хубе ба даст оварда, як сол пас ба диёри бобоии худ баргаштанд.

Солҳо турнасон мегузаштанд ва Муяссараю Тоҳирҷон соҳиби 3 фарзанд гаштанд. Падари хонавода то соли 2007 ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта меомад. Моҳи октябри соли 2007 Тоҳирҷон ҳамсарашро ба назди худ даъват намуд ва Муяссара ҳамчун зани фармонбардорри мусалмон чиптаи ҳавопаймо харида, ҳамроҳи фарзандонаш ба шаҳри Маскав парвоз кард, аммо...


Модар дар ҷойгаҳи марг чашм ба роҳи Фарҳодҷон аст

 


“Шаҳарам занг зада гуфт, ки аз Оренбург ба Маскав меояд, вале баъдан якбора бедарак гашт. Пас аз ин сӯҳбати кӯтоҳ Тоҳирҷон дигар на ягон бор ба мо занг зад ва на аз худ дарак дод. Азобҳои зиёд кашида бошам ҳам, ман аробаи зиндагии худ ва фарзандонамро дар тӯли ин солҳо ба пеш кашида, соҳиби набера гаштам, аммо ду чашмам то ҳол ба роҳ аст, ки ҳамин замон ё замони дигар шавҳарам аз дар медарояд,”-мегӯяд ин зани чашминтизор.

Муяссара боварӣ дорад, ки шавҳараш зинда аст ва аз касоне, ки Тоҳирҷонро дар куҷое дидаанд ё дар борааш чизе медонанд, хоҳиш мекунад, ки ба сомонаи Оила хабар дода, бо пайки хуше хотири ӯ ва фарзандони чашм ба роҳашро шод созанд!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД