new banner new years
Баҳром бо ду пой ба Русия рафту бо як пой баргашт
4081

 

Ҳамасола ҳазорон нафар ҳамватанони мо барои пайдо кардани ризқу рӯзии худ ва аҳли оилаашон роҳ ҷониби Русия пеш мегиранд.

Баъзан дар мулки ғурбат ба сари муҳоҷирони бечора чунон фалокатҳое меоянд, ки аз шуниданаш ба тани кас мурғак медамад. Мақсад аз ин гуфтаҳо сарнавишти талхи як ҳамватани мост, ки бо ду пойи равон ба Русия ба мардикорӣ рафта, якпоя ба Ватан баргаштааст.

Ин муҳоҷири бахтбаргаштаи тоҷикро ном Баҳром Алиев мебошад. Баҳром дар шаҳри Челябински Русия зери чархи мошин монда, аз як пой маҳрум гаштааст. Ансорӣ, яке аз ҳамкорони ин ҷавони маъюб он рӯзи пурфоҷиаро ба ёд оварда мегӯяд:

-Мо бо Баҳром дар роҳи зеризаминии шаҳри Челябинск ба ҳайси роҳсоз кор мекардем. Роҳсозӣ маъоши хуб дошта бошад ҳам, бисёр касби душвор ва пуразоб аст, аксар вақт мо то як поси шаб кор мекардем. Як рӯз то дергоҳ роҳ сохта, чунон монда шудем, ки дигар мадори ба по рост истодан надоштем. Базӯр пойҳоямонро кашола карда азми ба хона баргаштан намудем, аммо ба бахти бадамон дӯстам Баҳромро дар гузаргоҳи назди мағозаи Конвелс як мошини тамғаи Киа зер кард. Ин фоҷиа ончунон тез рӯй дод, ки дар аввал ман ҳатто чӣ ҳодиса шуданашро пай набурдам. Танҳо ҳис кардам, ки мошин мисли бод аз паҳлуямон гузашта рафт. Вақте ба ақиб нигаристам, дӯстам Баҳром аллакай дар рӯйи асфалт мехобид ва дар хуни худ оғӯшта буд. Бо дидани ин манзара талхакаф шудам ва сари Баҳромро рӯи зонувонам гузштам. Ҳолаш бисёр вазнин буд ва бо душворӣ нафас мекашид. Ҳис кардам, ки агар каме дертар кунам, дӯстамро аз даст медиҳам. Ман наметавонам ҳамаи он азобҳоеро, ки Баҳром баъди буридани пояш кашид, тасвир намоям. Худо чунин рӯзи сахтро ба ҳеҷ кас нишон надиҳад....


БАЧАҲОИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БА СПИД ГИРИФОР ШУДАНД

 


Баҳром аз ноҳияи Лахш аст. Ин ҷавони тоҷик бо ду пойи солим ба Русия рафта, баъди он садмаи фалокатбор якпоя бо асобағал ба Ватан баргаштааст. Баҳром фарзанди калонӣ ва ягона ноновари хонадон буд. Маъюбу маслуқ гаштани ин ҷавони меҳнатқарин падару модари пир ва зану фарзандони хурдсолро дар ҳолати ногувор гузоштааст, зеро дигар касе нест, ки онҳо дар зиндагӣ ба ӯ такя намоянд....

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД