formula
«ДИПЛОМДОРОН ДАР ҲАМИН ҶО ЧӢ ШУДАНД, КИ МАН ШАВАМ?!»-МЕГӮЯД ПИСАРАМ!
1316

Тӯли 30 сол аст, ки оиладор ҳастам ва фарзандонамро калон карда соҳиби хонаву дар кардаам. Писари хурдиям бениҳоят эрка буда, вақтҳои охир маро бисёр азоб дода истодааст.

Ӯро дар беҳтарин литсей хононда ба мактаби олӣ дохил кардам, то одами бообрӯ гардаду фардо мурдаву зиндаамро соҳибӣ кунад, вале ин бачаи ношукр донишгоҳро партофта ҳамроҳи чанд ҷӯраи почакандааш ба Русия рафтанист. Ҳарчанд мефаҳмонам, ки Россия хонаи очаат нест, дар он ҷо азоб мекашӣ, шунидан намехоҳад.

Намедонам дар тарбияи ин писарам чи хатое кардаам, ки чунин гапнодарою якрав ба воя расид. Дар зиндагӣ аз чизе камбудӣ надорад, дар дасташ «Айфон», дар танаш ҳамеша либоси қимматбаҳо, намедонам ба ӯ чӣ намерасад, ки роҳи Русияро пеш гирифтанист. Дилаш ақаллан ба чор соли умраш намесӯзад, охир дар курси чорум мехонад ӯ ва имсол хатмкунанда аст. Гумон доштам, ки писарам магистратураю аспирантураро хатм намуда, баъдан ба докторантура дохил мешавад ва олими намоён мегардад, вале ӯ дар Русия дар хоку семент ҷулида гаштанро авлотар медонад.

Гапаш мудом якто: «Дипломдорон дар ҳамин ҷо чӣ шуданд, ки ман шавам?!» Сарҳисоби корамро гум кардаам, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед. Бо ин бачаи якрав чӣ кор кунам?

Падари ҳайронмонда

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД