sebiston july new
Илҳоми падаргумкарда: Аз охирин занги падарам 10 сол пур мешавад
3170


Тавре ки ШаҳлоиНаҷмиддин, яке аз корбарони шабакаи фейсбук дар саҳифаи худ хабар додааст, як ҷавонмарди тоҷикистонӣ бо исми Илҳом Темирбулатов падари 61-солаашро ҷустуҷӯ дорад.

Ба қавли худи Илҳом падараш Равил Суннатович Темирбулатов зодаи Тоҷикистон ва соли таваллудаш 1958 буда, аз оилааш ҷудо зиндагӣ мекардааст. 11-уми августи соли 2010 Равил аз ҳама пинҳонӣ чиптаи ҳавопаймо харида тарки Тоҷикистон намудааст. Танҳо баъди ба манзил расидан ӯ ба писараш Илҳом занг зада, хабар додааст, ки дар Қазоқистон қарор дорад ва рӯзҳои наздик ба Русия коркунӣ меравад.


Муддати 10 сол аст, ки наздиконаш Муҳаммаднаимро ҷӯстуҷӯ доранд, вале то ҳол аз ин ҷавони 28-сола ягон хату хабар пайдо нашудааст.


Бори охир ӯ рӯзи 13-уми сентябри соли 2010 ба писараш занг зада, ӯро бо ҷашни зодрӯзаш муборакбод намудааст. Ба қавли Илҳом падараш азми бозгашт дошт, аммо баъди ин якбора бе ному нишон гаштааст. Илҳом яккафарзанди Равил буда, то кунун бо дили пурхун падарашро ҷустуҷӯ дорад ва аз касоне, ки дар бораи ин мард чизе медонанд, хоҳиш ва илтимос мекунад, ки ҳатман бо пайки неки хотири озурдаи ӯро шод бигардонанд.
Саҳифаи шахсии Илҳом дар фейсбук: Илҳом Темирбулатов

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД