new banner new years
Мустафо, донишҷӯи аз Ухан баргашта: Захми сухан аз коронавирус бадтар аст!
5184

 

Рӯзи 8-уми феврал аз шаҳри Маскав ба Душанбе парвоз намудам. Дар дохили ҳавопаймо баногоҳ овози марди тоҷикеро шунидам, ки бо касе дар хусуси аз Хитой омаданаш баҳсу мунозира дошт.

Ҳисси кунҷкобии касбиам боло гирифт ва қаторе, ки он мард менишаст наздиктар рафтам. Ду ҷавонмарди тоҷик, ки чеҳраашон мисли як себи дукафон ҳамдигар хеле монанд буд, паҳлӯ ба паҳлӯ нишаста буданд. Чашмони яке аз он мусофирон, ки нисбатан ҷавонтар, тахминан 20-22 сола менамуд, аз шиддати гиря варам карда буданд. Ҷавон сарашро хам карда, кӯшиш менамуд, ки оби чашмонашро аз дигар мусофирон пинҳон дорад, аммо селоби ашки дидагонаш мисли дарёи маҷрогумкарда ҳамоно ба рӯйи рухсораҳояш мешорид. Ҷавонмарди дар паҳлӯяш нишаста ӯро тасаллӣ дода истода мегуфт:

-Инҳо ҳақ надоранд, ки туро ин хел паст заданд, охир ману ту бо нияти хондан ба Хитой рафта будем. Аз куҷо медонистем, ки дар он ҷо корона-вирус пайдо мешаваду ба ин балои азим грифтор мешавем. Азобҳои кашидаи худамон магар кам аст, ки боз мисли махав аз мо ҳазар крада, ба дили мо ханҷар мезананд. Куҷост одаму одамгарӣ...

Ин суханони пуралами ҷавон дар дилам оташ афрӯхт ва бо мақсади фаҳмидани асли моҷаро оромона хоҳиш намудам:

-Акаҷон, курсии паҳлӯи шумо холӣ будааст. Мумкин аст ман дар ҳамин ҷо шинам?

Ҷавон бо ҳайрат ба ман нигариста гуфт:

-Хоҳар, мо аз Хитой омада истодаем. Намебинӣ, ҳама аз мо мисли касалии пес ҳазар карда истодаанд. Аз сироят ёфтан натарсӣ, марҳамат гузашта бишин,-гуфт ҷавонмарди насбатан калонсолтар ва аз стюардесса хоҳиш кард, ки салфетка биёрад.


Русия: Муҳоҷири тоҷик аз мушту лагади кормандони пулис ҷон дод

 


-Акаҷон, дар тақдиру насибаи одамизод ҳарчи бошад, хоҳ-нохоҳ ҳамонро мебинад, -гуфтам дар ҷавоб ва дар пуҳлуи онҳо нишастам.

Ҳамин вақт стюардесса салфеткаҳои намнок овар ва ҷавони чашмонаш пурашк оби дидагонашро пок намуда, сарашро ҷониби тиреза гардонд.

-Шумо мисли як себи дукафон ба ҳамдигар монандӣ доред. Ин кас ба шумо кӣ мешаванд?-Пурсидам аз ҳампаҳлӯям.

-Ин бача додарам аст. Дар яке аз донишкадаҳои шаҳри Ухани Хитой таҳсил мекунад, -гуфт ҷавон.

Бо шунидани номи Ухан ҳисси кунҷковии касбиам бештар аланга зад, зеро чанд вақт боз дар сар то сари ҷаҳон танҳо номи коронавирус, Ухан ва Чин вирди забони хурду калон аст. Рӯзе нест, ки радиову телевизион ва сомонаҳои иҷтимоӣ дар бораи гирифторону қурбониёни коронавирус дар Хитой ҳарф назананд. Овозаву ҳангомаҳо хеле зиёданд, бинобар ин, дар асл чи гуна будани вазъиятро дар он ҷо аз ин ду ҷавонмарди тоҷик, ки аз Ухан баргашта буданд, пурсон шудам. Ҷавонмарди ҳампаҳлӯям, ки Мардон ном доштааст, оҳи сарде кашида, чунин қисса кард:

-Ман барои гирифтани маълумоти олии дуюм ба Хитой рафта, дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи ин кишвар дар риштаи сайёҳӣ таҳсил мекунам. Додарам дар Ухан дар бахши дизайн мехонад. Зиндагиамон то хурӯҷи коронавирус дар Чин чандон бад набуд, аммо якбора мисли вабо ин вирус пайдо шуду ҳоламон табоҳ гашт. Дар тамоми шаҳр карантин эълон карданд. Мо мисли маҳбусон дигар ҳатто аз хобгоҳамон берун баромада наметавонистем.

-Хӯрду хӯрокро чӣ гуна дастрас мекардед?

-Иҷозат гирифта дар як ҳафта як маротиба ба мағоза мерафтем ва саросемавор борхалтаҳоро барои якчанд рӯз бо хӯрока пур карда, ба хобгоҳамон бар мегаштем. Ҳар як қадамамон зери назорат қарор дошт. Шабу рӯз Худоро зорӣ мекардем, ки маро зудтар ба Ватан, ба назди падару модар ва аҳли оилаамон баргардонад, аммо дастрас кардани чипта бисёр мушкил буд. Нархҳо чунон боло рафтанд, ки ногуфтанӣ...

-Шуморо аз ташхис нагузаронданд?

-Дар Чин ҳамеша дар зери назорати табибон қарор доштем, то чиптаи ҳавопайдо хариданамон чанд маротиба гаштаву баргашта моро аз ташхис гузаронда, боварӣ ҳосил намуданд, ки сироят наёфтаем.

-Мегӯянд, ки дастрас намудани чиптаи ҳавопайдо бисёр душвор аст?

-Бале, натанҳо аз Ухан, балки умуман аз Хитой берун шудан дар ин шабу рӯзҳо бисёр мушкил гаштааст, чунки аксари кишварҳо аз тарси коронавирус парвози тайёраҳояшонро ба Чин тамоман манъ кардаанд. Нархи билети сомолёт якбора ба осмони ҳафтум дакка хӯрд. Мо бо сад мушкили чиптаи ҳавопайдо дастрас намуда, худро аз он гирдоби бало бурун кашидем.

-Мегӯянд, ки шахсони аз Чин баргаштаро дар Русия дарҳол ба зонаи махсус мебаранд..?

-Бале, рост аст. Барбари аз тайёра фармадан моро низ ба “карантинная зона” бурданд. Муддати 10-12 рӯз дар он ҷо будем. Танҳо баъди боварӣ ҳосил намудан, ки комилан сиҳат ҳастем, ба мо иҷозати парвоз доданд. Хурсанд шудем, ки ниҳоят ба Ватан бармегардем, вале ҳаммиллатони худамон дар дохили тайёра аз мо ҳазар карда истодаанд. Рӯирост чунон гапҳои сахту дағал мезананд, ки ба дили одам мисли ханҷари тез мехалад. Одаму одамгарӣ тамоман гум шудааст. Аз омаданамон пушаймон шудем. Беҳтараш дар ҳамон Ухан мемондему чунон гапҳои тезу тундро намешунидем...

-Акаҷон, шумо беҳуд аз одамон меранҷед, охир имрӯз радиову телевизион, газетаву журналҳо, сомонаҳои иҷтимоӣ, хулоса ҳама ҷо суха дар боби бемории даҳшатангези коронавирус меравад. Мардум метарсанд, ки мабодо сироят ёфта, бемор нашаванд...

-Мо ҳам албатта тарсу ваҳму воҳимаи мардумро мефаҳмем, вале худатон фикр кунед, агар бемор мебудем, магар моро ба тайёра роҳ медоданд?! Ман дар Ватан ба ғайр аз падару модар ва хоҳару бардаронам боз се фарзанди хурдсол дорам, агар бемор мебудам, мемурдаму ҳаргиз ба Тоҷикисон намерафтам, то ки онҳоро ба ин дард гирифтор насозам. Вақте ки аз одами комилан солим мисли махав ҳазар мекунанд, ин ба кас бисёр сахт мерасад. Бубинед, ашки чашмони бародари ман то ҳол хушк нашудаанд. Бачае, ки садҳо душврии зиндагиро дида, боре ашк нарехта буд. Бачае, ки дар маркази коронавирус дар Ухан зиндагӣ карда, ҳамеша иродаи мардонаашро нигоҳ медошгт ва оби дида рехтан он тараф истад, ягон бор ҳатто шиква намекард, имрӯз зор-зор мегиряд. Ин суханни нешдорро, агар ягон рус ё аврупоӣ мегуфт, шояд ин қадар ба ӯ алам намекард, вале он ки ҳаммиллатонамон, тоҷикони худамон аз мо ҳазар карда “дуртар шинен, яке касал набошен” мегӯянд, ба мисли ханҷар аз ҷавшани ҷон кас мегузарад. Захми сухан аз коронавирус ҳам бадтар будааст....

Тайёра ба фурудгоҳи Душанбе расид ва бо ҳамин сӯҳбати мо қатъ гашт. Намедонам он ду бародарро боз ба “карантинная зона” бурданд ё иҷозат доданд, ки ба хона, ба назди падару модар ва аҳл оилаи худ раванд, аммо...
Чашмони пур аз ашки он ҷаввони 22-сола ҳеҷ аз назарам дур намешаванд, суханони бародараш бошанд, ҳамоно дар гӯшҳоям садо медиҳанд: Захми сухан аз коронавирус ҳам бадтар аст!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД