Arzon march 2024
Илтиҷои Санавбар пеш аз марг: Фарзандонамро аз мактаби Лубченск ба ватан фиристед
4477

Санаи 2-уми марти соли ҷорӣ ҷасади ҷавонзани 49-солаи тоҷик, ки зери автомобил монда, ҷон дода буд, ба беморхонаи марказии шаҳри Санкт-Петербург фиристода шуд. Номбурда Санавбар Алиёрова ном дошта, зода ва истиқоматкунандаи вилояти Хатлон будааст.

Санавбар дар охирин лаҳзаҳои ҳаёташ хоҳиш намудааст, ки фарзандонашро аз мактаби махсуси ба номи Лубченск гирифта ба Ватанаш, ба Тоҷикистон ба назди бобову бибиашон фиристанд. Санавбар Алиёрова соли 2010 аз шавҳараш Рашид Амонов ҷудо шуда, рӯ ба муҳоҷират оварда будааст. Ҷасади Санавбарро бо тайёра ба зодгоҳаш фиристоданд. Нашъаи ин тоҷикзани ормонӣ дар марзу буми авлодӣ ба хок супурда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД