sebiston july new
Пулро ҷияни раис дуздиду маро аз кор пеш карданд
3663

 Мо як гурӯҳ тоҷикони берун аз марз дар Русия азоб кашида истодаем. Аввалҳо дар ин ҷо ҳамроҳи хамдеҳагонам ба нонпазӢ машғул будем.

Корамон хуб буд, раис аз сусткориямон гила намекард, вале ду-се ҷиянаш омаданду аз пою қадами номуборакашон якбора баракати нонвойхона парид. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, шабе ҳангоми хамиршӯрии ман пулҳои кассаро яке аз кормандони нав, ки ҷияни худи раис буд, дуздидааст. Раис, ки ба хешонаш боварии комил дошт, маро дузд гирифта, тӯҳмат намуд, ки 25 ҳазор рубли русиро ба яғмо бурдаам. Ҳарчанд қасам мехӯрдам, ки ин корро накардаам, раис ду пояшро ба як мӯза андохта мегуфт: «Пулҳои дуздидаатро биёру дафъ шуда рав!» Маҷбур шудам, ки гуноҳи нокардаро ба гардан бигирам. Ду моҳ кор карда, маошамро додаму нонвойхонаро тарк намудам.


Духтарак аз чизе танқисӣ накашад ҳам, аз набудани падараш зиёд ғам мехӯрд. Вақте хабари зангирии падарашро шунид, Ҳазали ҳанӯз аз баду неки зиндагӣ бехабар ба табрикаш шитофт, вале...


Дигар тоби дар он шаҳр зистанро надоштам, бинобар ин ба минтақаи дигар рафтам. Марди сарватманде маро ҳамчун нигоҳбони сагҳояш ба кор гирифт. Ҳамсараш ҳар рӯз ба ман ягон кори иловагӣ мефармуд. Рӯзе супориш дод, ки ҷевони ошхонаашонро соз кунам. Рафта ҷевонро таъмир кардаму ба балои бад гирифтор шудам. Занҷираи тиллоии занак дар ҳамон ҷевон будаасту баъди таъмир гум шудааст. Боз маро мутаҳам карданд. Шавҳараш заставит кард, ки як сол бе пул сагҳоро нигоҳубин кунам. Инак, 9-моҳ мешавад, ки дар ин хона ғуломвор кор мекунам. Медонам, ки зану фарзандам гуруснаю ташнаанд, вале фарёдрасе надорам.

Фирӯз, аз Шёлковои Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД