Адолат Қурбонова, як шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия бо мо дар тамос шуда гуфт, ки панҷ зани тоҷикро бо гуноҳи фоҳишагӣ кормандони пулиси Русия дастгир намуданд. Ин занҳои маккора пулу мол ва дигар чизҳои “клиент”-и ба дасташон афтидаро ба яғмо бурда, пасон фирор мекардаанд.
Яке аз онҳо ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар як беморхонаи бонуфузи Русия кор мекардааст ва маҳз бо кӯмаки ҳамин зан фоҳишаҳо доруҳои мадҳушкунандаро ба даст оварда шабона ба “шикор” мебаромадаанд. Сайди ба даст афтодаро ғорат карда, шабпаракҳо аз ҷойи ҳодиса ғайб мезадаанд. Кормандони пулис дар зери ниқоби “клиент” ин занҳои авбошро ба дом афтонида, дастгир кардаанд. Ду нафари дастгиршудагон гирифтори бемории СПИД буда, чандин касонро ба ин вабои аср гирифтор кардаанд.
ЗАНИ РУС АСАЛАКУ ЗАНИ ТОҶИК БАРЗАГОВ?
Саидилҳом ном як ҷавони дигари тоҷик ба мо занг зада гуфт, ки ҷони муҳоҷирон аз дасти ин дузду фоҳишаҳо, ки номи миллати тоҷикро паст мекунанд, ба лабашон расидааст. “Рӯзе нест, ки ягон хабари бад нашунавем, як рӯз мефаҳмӣ, ки фоҳишаҳои тоҷикро дастгир карданд, рӯзи дигар мешунавӣ, ки тоҷикбача дуздӣ карда ба даст афтидааст. Магар барои мо, тоҷикон, ки таъриху маданияти чандҳазорсола дорем, чунин амалҳо айб нест?! “ мегӯяд ин ҷавони бо нангу номус.
Мо аминем, ки баъди хондани ин сатрҳо дигар муҳоҷирон низ мисли Адолат ва Саидилҳом ба масъалаи нангу номи миллат дилсӯзона муносибат намуда намегузоранд, ки касе шишаи номуси тоҷикро бо санги бадномӣ бишканад.