shoh palace
Заррина, зани муҳоҷири гумном: Аз дасти додаршӯй худро бо се фарзандам оташ мезанам!
5075

Як муштарии сомонаи Оила, ки худро Заррина муаррифӣ намуд, аз гум гаштани шавҳараш ба мо хабар дода, қисса кард, ки ӯ бо Маъруф ном ҷавони хуҷандӣ хонадор шуда, дар тӯли зиндагии якҷояашон соҳиби се фарзанд гаштаанд.

Шавҳараш се сол пеш ба муҳоҷират рафта, бо ҳамин тамоман бедарак гаштааст, на занг мезанад, на пул мефиристад ва на аз худ дарак медиҳад. Ҳоли зан баъди гум шудани шавҳараш табоҳ гашта, аз дасти додаршӯйҳояш рӯз надорад. Ҷавонзан бо ашки шашқатор иброз намуд, ки бо кадом роҳе набошад ба Русия рафта, мурда ё зинда будани шавҳарашро аниқ кардан мехоҳад.

“Бе шавҳар хору зор шуда, азоби дӯзахро кашида истодаам. Бародарони шавҳарам ҳар рӯз маро лату кӯб мекунанд. Дигар тобу тоқати мушту лагади хушдоман ва додаршӯйҳоямро надорам”, — мегӯяд Заррина.


Холаи Гулрез дар овози келинаш ларзишро ҳис карда, саросема ба сӯи ӯ давид. -Холаҷон, аз тарқиши дари Моҳбону дуди ғализ мебарояд. Метарсам, ки ягон воқеа рух надода бошад, -хабар дод Шабнам.


Мақсади ин ҷавонзани тоҷик аз муроҷиат намудан ба ин сомонаи Oila.tj он аст, ки шавҳараш дар куҷое, ки набошад, аз худ дарак диҳад, вагарна ӯ бо се фарзандаш тарки Ватан намуда ба Русия шавҳаркобӣ меравад ё худашро бо се кӯдакаш оташ мезанад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД